Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Суол: агар касе гӯяд ба чӣ донем, ки нияти воиз дуруст аст ва нишони он чӣ бошад?
Ҷавоб: гӯем, ки нияти дуруст он бувад, ки мақсуди вай он бувад, ки халқ роҳи Худой гиранд ва аз дунё эъроз кунанд ва шафқатро бар халқпайдо кунанд ва агар каси дигар падид ояд, ки ваъзи вай нофеътар бошад ва қабули сухани вай халқро бештар бувад, бояд ки бад-он шод шавад; чи агар касе андар чоҳе афтода бошад ва санге бар сари чоҳ бувад ва вай ҳамехоҳад, ки ба ҳукми шафқат вайро халос ҳамедиҳад ва санг баргирад ба ҷаҳди бисёр чун касе пайдо ояд, ки ин санг баргирад ва вайро аз ин ранҷ кифоят кунад, бад-он шод шавад, чун ин воиз шод нашавад ва андар худ ҳасад бинад, бибояд донист, ки мақсуди вай он аст, ки ба худ даъват кунад на ба Худои таъоло ва дигар нишон он, ки чун аҳли дунё ва вилоят андар маҷлиси вай бинигарад ва ҳам бар одати хеш ҳамебошад ва дигар он, ки чун сухане фароз ояд, ки халқ бад-он наъра хоҳанд зад ва нахоҳанд гирист ва он сухан бар асле набошад, ба тарки он бибояд гуфт, ин ва амсоли ин бояд ки андар ботини худ тафаққуд мекунад: агар бинад, ки кароҳият наёбад ва аз ин менаяндешад, муроъии тамом аст ва агар кароҳияте бинад, андар хештан далели он аст, ки ният дигар аст, бояд ки ҷаҳд кунад, то он дигар ният ғолиб шавад.
– ФАСЛ –
Нишоти ибодат ҳамеша риё набувад
Бисёр вақт бувад, ки ба сабаби мардумон нишоти ибодат падид ояд ва он нишот дуруст бошад ва аз риё набувад: ки мӯъмин ҳамеша андар ибодат роғиб бошад, валекин бувад, ки оиқе аз он манъ кунад ва бошад, ки ба сабаби мардумон он оиқ бархезад ё он нишот ҳаракат кунад, чунон ки касе андар хона бувад, таҷаҳҳуд1 бар вай душвор бувад: ки бо аҳл ба хоб ва ҳадис машғул шавад ё ҷомаи хоб сохта бувад ва чун ба хонаи дигаре афтад, ин авоиқ бархезад ва нишоти ибодат пайдо ояд, ё андар хона ғариб афтад, хоб наёяд, ба намоз машғул шавад ё қавмемро бинад, ки ҳама ба намоз машғуланд, нишоти вай низ биҷунбад ва гӯяд ман низ мувофиқат кунам, ки маро низ ба савоб ҳоҷат камтар аз эшон нест ва ё ҷои дигар бувад, ки рӯза ҳамедоранд ва ё таом ба барг набувад2, нишоти рӯза падид ояд ё қавмеро, ки андар масҷид намози таровеҳ мекунанд ва андар хона коҳил бошад, чун эшонро бинад, коҳиле бишавад ба қувват мувофиқат ва ё рӯзи одина халқро бинад ҳама ба ҳақ машғул, вай намозу тасбеҳ кардан гирад, зиёдат аз он, ки ҳар рӯзе; ин ҳама мумкин бувад, ки андар вай ҳеч риё набувад ва шайтон вайро гӯяд: макун, ин ки ба сабаби мардумон падид
1 Бедории шаб барои ибодат.
2 Бабарг набувад: дуруст ва комил ва мутобиқи майл набувад.
омад, ин риё бошад ва бувад, ки нишот ба сабаби мардумон бувад на ба рағбати хайр ва заволи авоиқ ва шайтон гӯяд, ки макун ва малоика гӯяд, ки бикун, ки ин рағбат худ андар ту бувад, валекин авоиқ андар пеш бувад, акнун авоиқ бархост. Пас, бояд ки ин ҳар ду аз якдигар ҷудо кунад ва нишон он бувад, ки тақдир кунад, ки агар он қавм вайро набинанд ва вай эшонро ҳамебинад, ин нишот ҳамчунин бар ҷой бошад? Агар бар ҷои худ бувад, сабаби рағбат хайр аст, агар набувад риёст, пас бояд ки даст бидорад ва агар ҳар ду бошад, ҳам рағбати хайр ва ҳам дӯстии санои халқ, нигоҳ кунад, то ғолибтар кадом аст, эътимод бар он кунад; ва агар танҳо будӣ, нагиристӣ, ин риё набошад, ки дидани он гиристани мардумон дилро рақиқ бикунад ва чун халқро андӯҳгин бинад вайро низ ёд ояд ва гиристан гирад ва бошад, ки асли гиристан аз риққат бувад ва овоз ва нола ба риё бошад, то он дигарон бишунаванд ва бошад, ки бияфтад аз андӯҳ, валекин дар вақте қудрат ёбад, ки бархезад ва барнахезад ва тарсад, ки гӯянд ин ваҷди вай асле надошт, аз ин вақт муроъӣ бошад ва андар асл муроъӣ набошад ва бошад, ки андар рақс бошад ва қувват меёбад, валекин бар касе такя ҳамезанад ва оҳиста ҳамеравад, то нагӯянд, ки ваҷди вай зуд бигузашт ва ҳамчунин бошад, ки истиғфор кунад ва аъузуббиллоҳ гӯяд ва он аз гуноҳе гӯяд, ки ёд омада бошад ва ё тақсири хеш бинад бад-он ки халқро андар ибодат бинад, он дуруст бошад ва бошад, ки ба риё бошад, ин хотирҳоро бояд ки муроқиб бошад, ки расул алайҳиссалом ҳамегӯяд:
«Риёро ҳафтод боб аст». Ва бояд, ки ҳар кӣ хотири риёро биёфта, тақдир кунад, ки Ҳақ таъоло бар палидии ботини вай мутталеъ аст ва андар муқт ва сахати Ҳақ таъоло аст, пас бояд ки ҷаҳд кунад, то он аз хештан дур кунад ва ёд кунад аз он, ки расул алайҳиссалом гуфт: «Наъузу биллоҳи мин хушӯъи-н-нифоқи». Ва ин он бувад, ки тан ба хушуъ бувад ва дил набувад.
– ФАСЛ –
(Ҳар кор, ки барои савоб аст, бояд холис Худойро бувад) Бидон, ки ҳар чӣ тоат аст, чун намозу рӯза ихлос андар вай воҷиб аст ва риё ҳаром, аммо он чӣ мубоҳ аст, агар хоҳад, ки аз он савоб ёбад, ҳам ихлос воҷиб аст: масалан чун андар ҳоҷати мусулмонӣ саъй кунад, барои савобро, бояд ки ғарази хеш дуруст кунад ва аз вай шукр ва мукофот ва ҳеч чиз чашм надорад; ва ҳамчунин ҳар кӣ таълим кунад, агар ба масал таваққӯъ кунад аз шогирд, ки аз паи вай фаро шавад ва хидмат кунад, иваз талаб кард ва савоб наёбад, аммо агар ҳеч хидмат таваққӯъ накунад, валекин вай хидмате кунад, авлотар он бувад, ки қабул накунад, агар кунад, чун мақсуд набудааст зоҳир он бувад, ки он савоб ҳабта нашавад, чун мутааҷҷиб набошад бар он эърози ӯ аз хидмат, агар эъроз кунад; аммо аҳли ҳазм аз ин ҳазар кардаанд; то яке аз бузургон андар чоҳ афтод, расан оварданд, савганд бардод, ки ҳеч кас, ки аз вай ҳадис шунидааст ё Қуръон бар ӯ хондааст, даст фаро расан накунад, ки тарсад, ки он ивази савобро ботил кунад. Яке ба наздики Суфёни Саврӣ чизе ҳадя фиристод, фаро наситад. Гуфт: «Ман аз ту ҳаргиз ҳадис нашунидаам». Гуфт:
«Бародари ту шунидааст, тарсам ки дили ман бар вай муштафиқтар гардад аз он, ки бар дигарон». Ва яке ду бадра1 зар ба наздики Сиффин бурд. Гуфт: «Донӣ, ки падарам дӯсти ту буд ва ҳалолхӯр буд, акнун ин мероси ҳалол аст аз ман қабул кун». Чун қабул кард, он кас бирафт, писари хешро аз паи вай бифиристод ва бадраи зар бозфиристод магар ба ёдаш омада, ки дӯстй бо падараш барои Худой будааст, писари Сиффин гуфт: «Чун бозомадам, сабрам набуд». Гуфтам: «Ин дили ту магар аз санг аст? Ҳамебинӣ, ки иёл дорам ва ҳеч чиз надорам ва бар мо раҳмат намекунӣ?» Гуфт: «Эй писар, ту ҳамехоҳӣ, ки хуш бихӯрӣ ва маро дар қиёмат аз он бипурсанд?» Маро барги ин нест. Ва ҳамчунин мутаъаллим бояд низ, ки ҷуз ризои Ҳақ таъоло талаб накунад андар таълим ва аз муаллим ҳеч чиз умед надорад ва бошад, ки пиндорад, ки тоати хеш фаро муаллим намояд, раво бувад, то андар таълими вай муҷид бошад, ин хатост ва айни риё бувад, балки бояд ки манзалат ба наздики Ҳақ таъоло талаб кунад ба хидмати муаллим на назди муаллим; ва ҳамчунин ризои модар ва падар бояд, ки ба ризои Ҳақ таъоло бувад ва худро бар эшон ҷилва накунад ба порсоӣ, ки аз вай хушнуд шаванд, ки ин маъсияте бошад ба нақд. Ва бар ҷумла аз ҳар коре, ки талаби савоб хоҳад кард бояд, ки холис Худойро бувад азза ва ҷалла.
АСЛИ НӯҲУМ
Андар илоҷи кибру уҷб
Бидон, ки кибру хештанбузургӣ сифате мазмум аст ва ба ҳақиқат хасме аст бо Ҳақ азза ва ҷалла: ки кибриё ва азамат вайро сазаду бас; ва бад-ин сабаб андар Қуръон мазаммати бисёр аст ҷаббор ва мутакаббирро, чунон ки гуфт: «Казолика йатбаъаллоҳу ъало кулли қалби мутакаббирин
1 Кисае, ки дар он як ё ҳафт ё даҳ ҳазор динор бошад.
ҷабборин»1. Ва гуфт: «Ва қад хоба куллу ҷабборин ъанидин»2. Ва гуфт аз забони Мӯсо алайҳиссалом: «Инни ъузту би-рабби ва раббикум мин кулли мутакаббирин ло йуъмину мин би-йавми-л-ҳисоби»3. Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Андар биҳишт нашавад касе, ки андар дили вай миқдори як ҳабба ё як хардал кибр бошад». Ва гуфт: «Кас бошад, ки бузургхештанӣ пеша гирад, то он гоҳ, ки номи вай андар ҷаридаи ҷабборон нависанд ва ҳамон азоб ба вай расад, ки ба эшон». Ва андар хабар аст, ки: «Сулаймон алайҳиссалом деву парӣ ва мурғону мардумон, ҳамаро бифармуд, то берун оянд, дувист ҳазор одамӣ ва дувист ҳазор парӣ гирд омаданд; бод вайро баргирифт ва то ба наздики осмон бурд, то овози малоика ва тасбеҳи эшон бишунид ва бар замин фурӯ бурд, то ба қаъри дарё бирасид, он гоҳ овозе шунид, ки агар як зарра кибр будӣ дар дили Сулаймон, вайро ба замин фурӯ бурдаме, пеш аз он, ки бар ҳаво бурдаме».
Расул алайҳиссалом гуфт: «Мутакаббиронро андар қиёмат чунон кунанд, ки бар сурати мӯрон дар зери пои халқ афтода бошанд аз хорӣ, ки бошанд ба наздики Ҳақ таъоло». Ва гуфт: «Андар дӯзах водие аст, ки онро Ҳабҳаб гӯянд, ҳақ аст бар Худои таъоло, ки мутакаббиронро ва ҷабборонро он ҷо фуруд оварад». Ва Сулаймон алайҳиссалом гӯяд, ки: «Гуноҳе, ки бо он ҳеч тоат суд надорад кибр аст». Ва расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт, ки:
«Ҳақ таъоло нанигарад бар касе, ки ҷома бар замин кашад бар сабили такаббур ва хиромидан ба фахр». Ва гуфт: «Як бор марде ҳамехиромид ва ҷомаи фахр пӯшида ба хештан фурӯ нигарист, Ҳақ таъоло вайро ба замин фурӯ бурд ва ҳанӯз мешавад то ба қиёмат». Ва гуфт: «Ҳар кӣ бузургхештанӣ кунад ва андар замин бихиромад ва Худои таъоло вайро бинад, пас рӯзи қиёмат Худойро бинад бо хештан ба хашм». Ва Муҳаммад ибни Восеъ як бор писарро дид, ки ҳамехиромад, вайро овоз дод ва гуфт:
«Донӣ, ки ту киӣ? Модаратро ба дувист дирам харидам ва падарат чунон аст, ки андар миёни мусулмонон ҳарчанд чун вай камтар бошад, беҳтар бошад?» Ва Матраф ибни Муҳаммади Маҳлабро дид, ки ҳамехиромид, гуфт: «Ё бандаи Худой, Худои таъоло ин чунин рафтанро душман дорад».
Гуфт: «Ҳон, маро намедонӣ?» Гуфт: «Донам, аввал оби ганда, охир мурдоре расво, андар миёнаи ҷамол палидӣ».
Фазилати тавозӯъ
1 Худованд бар дили ҳар мутакаббири гарданкаш мӯҳр мезанад.
2 Навмед ва бебаҳра шуд ҳар гарданкаши ситезанда бо ҳақ.
3 Паноҳ мебарам ба Худои худам ва Худои шумо аз ҳар мутакаббире, ки ба рӯзи шумор имон надорад.
Расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳеч кас тавозӯъ накард, ки Худой азза ва ҷалла ӯро иззе наяфзуд». Ва гуфт: «Ҳеч кас нест, ки на бар сари вай лигоме аст ба дасти ду фаришта; чун тавозӯъ кунад эшон лигом бар боло кашанд». Ва гӯянд: «Бор Худоё, вайро кашида дор». Ва агар такаббур кунад, фурӯ кашанд ва гӯянд: «Бор Худоё, фуруди ҳамгинонаш дор». Ва гуфт: «Хунук он кас, ки тавозӯъ кунад на аз бечорагӣ ва нафақа кунад моле, ки ҷамъ кардааст на дар маъсият ва раҳмат кунад бар бечорагон ва мухолитат дорад бо ҳакимон ва олимон». Ва Бӯмуслими Мадинӣ гӯяд, ки аз ҷадди хеш ҳикоят мекунам, ки вай гуфт, ки: «Расул алайҳиссалом як бор ба наздики мо меҳмон буд ва рӯза дошт, вайро ба рӯза кушодан қадаҳе шир бурдем, асал андар ӯ карда, чун бичашид, ширинӣ ёфт. Гуфт:
ин чист? Гуфтем: асал андар ӯ кардаем. Аз даст биниҳоду нахӯрд ва гуфт:
намегӯям, ки ҳаром аст, валекин ҳар кӣҲақ таъолоро тавозӯъ кунад, Худой вайро баркашад ва рифъат диҳад ва ҳар кӣ такаббур кунад, Худой вайро ҳақир гардонад ва ҳар кӣ нафақа ба наво кунад, Худои таъоло вайро бениёз дорад ва ҳар кӣ бе наво кунад, Худои таъоло вайро дарвеш дорад ва ҳар кӣ ёдкарди Худои таъоло бисёр кунад, Ҳақ таъоло вайро дӯст гирад». Ва як роҳ дарвеше афгор1 бар дари ҳуҷраи расул алайҳиссалоту вассалом суол кард ва расул алайҳиссалом таом ҳамехӯрд, вайро андар хонд, ҳама хештан фаро ҳам гирифтанд, расул алайҳиссалом вайро бар рони худ нишонд ва гуфт: «Бихӯр». Ва яке аз қурайш вайро истиқзор2 кард ва ба кароҳият ба вай нигарист, бинамурд, то бад-он иллат мубтало шуд. Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Худои таъоло маро мухайяр бикард миёни он, ки расуле бошам, банда ё малаке бошам набӣ, таваққуф кардам ва дӯсти ман аз малоикаи Ҷабраил буд алайҳиссалом, ба вай нигаристам, гуфт: ҳақ таъолоро тавозӯъ кун». Гуфтам: «Он хоҳам, ки банда бошам ва расул бошам». Ва Ҳақ таъоло ба Мӯсо ваҳй кард, ки:
«Намози касе пазирам, ки мутавозеъ бошад ва бо халқ бузургхештанӣ накунад ва дили худро фаро хавф дорад ва рӯзгор ҳама ба ёдкарди ман гузорад ва хешро барои ман аз ҳама шаҳватҳо боздорад». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Карам андар тақво аст ва шараф андар тавозӯъ ва тавонгарӣ андар яқин». Ва Исо алайҳиссалом гуфт: «Хунук мутавозеонро андар дунё, ки асҳоби минбарҳо эшон бошанд андар қиёмат ва хунук касоне, ки миёни мардумон сулҳ диҳанд андар дунё, ки дидори Ҳақ таъоло ҷазои эшон аст». Ва гуфт расул алайҳиссалом: «Ҳар кӣ вайро Ҳақ
1 Маҷрӯҳ ва озурдадил ва парешон.

пешина
аз 176
навбатӣ