Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

2 Воиз.
надорад ва ташна шавад, об нахӯрад, то пиндоранд, ки рӯзадор аст; ва касе гӯяд: таом хӯр, гӯяд: маро узре аст, яъне рӯзадорам ва надорад ва бад-ин ду палидӣҷамъ кунад: яке нифоқ, ки худ рӯза надорад ва дигар он, ки фаро намояд, ки ман сареҳҳаменагӯям, ки рӯзадорам ва ибодати хеш ҳамепӯшам, ки ҳамегӯям, ки узре ҳаст намегӯям, ки рӯзадорам, ҳамехоҳад, ки хештан мухлис намояд ва бошад, ки об бихӯрад ва сабраш набувад ва узре гуфтан гирад, ки: дӯш ранҷур будам ва имрӯз рӯза натавонистам доштан ва ё фулон кас маро рӯза бикушод ва бошад, ки андар вақт нагӯяд, ки он гоҳ бидонанд, ки риёст, соате сабр кунад ва он гоҳ сухане аз ҷои дигар фароз оварад ва гӯяд: ин дили модар сахт заиф бошад ва пиндорад, ки агар фарзанди вай рӯза дорад, ҳалок шавад, яъне ки барои модар рӯза намедорам; ва ё гӯяд чун мардум рӯза ҳамедорад, ба шаб зуд хоб ҳамегирад ва эҳёи шаб наметавонад кард ва амсоли ин шайтон бар забон рондан гирад, чун палидии ин риё дар ботин бошад ва қуррои мискин аз ин ғофил, ки надонад, ки асл ва бехи хеши ҳамеканад ва ибодат ба риё ҳамедиҳад; ин худ саҳл аст, ки аз риё баъзе ҳаст, ки аз овози рафтани мурча пӯшидатар аст, ки зиракон ва уламо аз андарёфтани он оҷиз оянд, то он гоҳ ба обидони аблаҳ чи расад?!
Пайдо кардани риёие, ки аз рафтани мӯрча пӯшидатар аст Бидон, ки риё баъзе зоҳиртар аст, чунон ки касе андар миёни мардумон намози шаб кунад ва агар танҳо бошад, накунад ва пӯшидатар аз ин он бошад, ки ҳар шаб одат дорад намоз кардан, валекин чун касе ҳозир бувад, банишоттар бошад ва сабуктар бошад бар вай ва ин низ ҳам зоҳир аст ва дабибуннамл1 нест, ки онро натавон шинохт, балки аз ин пӯшидатар бошад, чунон ки андар нишот наяфзояд ва сабуктар нашавад ва чунон бувад, ки ҳар шабе намоз кунад ва дар ҳол ҳеч аломат зоҳир набошад, валекин риё андар миёни мол бувад, чун оташе андар оҳан.
Валекин асари ин андар вақт он падид ояд, ки чун мардумон бидонанд, ки вай бад-ин сифат аст, шод шавад ва андар хештан ва кушодагӣ бинад ва ин шодӣ ва кушодагӣ далели он аст, ки риё андар ботин пӯшида аст ва агар ин шодиро ба инкор ва кароҳияти муттақобила накунад, бим бувад, ки ин раги пӯшида бар хештан фаро ҷунбад ва тақозои риёи хафӣ кунад, то сабабе фаро созад, ки мардумон огоҳ шаванд ва агар сареҳ бинагӯяд, таъризӣ бигӯяд ва агар таъриз2 нагӯяд, ба шамоил фаро намояд ва хештан
1 Ҷунбиши мӯрча.
2 Ба киноя ва ишора гуфтан.
шикаста ва фурӯ шуда дорад, то бидонанд, ки шаб бедор будааст; ва бошад, ки аз ин пӯшидатар бувад ва чунон бошад, ки шод нашавад, ба иттилои халқ ва бар вай нишот зиёдат нагардад, ки халқҳозир бувад, аммо риё аз ботин холӣ набошад ва ин чунон бувад, ки касе фаро вай бирасад ва ибтидо ба салом накунад, андар ботини худ тааҷҷубе бинад ва агар касе ҳурмати вай фурӯ ниҳад ё банишот ба ҳоҷати ӯқиём накунад ва андар хариду фурӯхт бо вай ҳеч мусомеҳат накунад ё вайро ҷои некӯтар мусаллам надорад, ки бинишинад, андар ботини худ тааҷҷубе бинад ва инкоре, ки агар он ибодат пӯшида накардӣ, ин тааҷҷуб набудӣ ва гӯӣ нафси вай бар он ибодати пӯшида тақозои хидмат ҳамекунад. Ва андар ҷумла чун нобудани он ибодат ва будани он наздики вай баробар набувад, ҳанӯз ботини вай аз риёи хафӣ холӣ нест, чи агар вай ҳазор динор фаро касе диҳад, то чизе, ки сад ҳазор динор арзад аз вай биситонад, ҳеч миннат бар касе наниҳад ва ҳеч ҳурмат набиюсад ва карду нокарди вай андар дили вай баробар бувад, андар ҳаққи мардумон чун Худойро таъоло ибодат кунад, то ба саодати абадӣ андар расад муқобилаи он чаро бояд, ки аз касе ҳурмате чашм дорад?! Пас, риёи хафитарин ин аст.
Алӣ разийаллоҳу анҳу ҳамегӯяд, ки: рӯзи қиёмат ҳамегӯянд, ки на колоро бар шумо арзонтар фурӯхтанд? На андар ҳоҷатҳои шумо қиём карданд? На ибтидо бар шумо салом карданд? Яъне ин ҳама ҷазои амали худ аст, ки бозистед ва холис бинагузоштед; ва яке аз касоне, ки бигурехтааст ва ба ибодат машғул шуда ҳамегӯяд, мо аз фитна бигурехтем ва бими он аст, ки фитна андар ин кор ба мо роҳ ёбад, ки чун касеро ҳамебинем, хоҳем, ки моро ҳурмат дорад ва ҳаққи мо биҷӯяд ва бад-ин сабаб аст, ки мухлисон ҷаҳд кардаанд, то ибодати хеш чунон пинҳон доранд, ки фавоҳиш ва маъосӣ, чи бишинохтаанд, ки ҷуз холис нахоҳад пазируфтан андар қиёмат ва масали эшон чун масали касе аст, ки ба ҳаҷ шавад ва донад, ки андар бодия, ҷуз зари холис фаро наситонад ва он ҷо хатари ҷон бувад, зари холиси мағрибӣ ба даст меоварад ва ҳар чӣғаш дорад, ҳамеандозад ва рӯз ҳоҷатро нигоҳ медорад ва ҳеч рӯз нахоҳад буд, ки халқ дармондатар хоҳад буд аз рӯзи қиёмат, ҳар кӣ имрӯз амали холис ба даст наёварад, андар он рӯз зоеъ монад ва ҳеч кас вайро даст нагирад ва то фарқҳамекунад, ки ибодати вай сутуре бинад ё марде; аз риё холӣ нест — расул алайҳиссалом — мегӯяд: «Андактарин ва пӯшидатарин риё ширк аст», яъне андар ибодати Ҳақ таъоло ширк афканад ва ҳамбозе, чун ба илми Худои таъоло кифоят накунад илми дигаре ба ибодати вай андар асар кунад.
– ФАСЛ –
(Чи вақти шодӣ аз иттилоъи мардумон бар ибодат равост) Бидон, ки ҳар кӣ бад-он шод бошад, ки мардумонро ибодати вай иттилоъ афтад, аз риё холӣ нест, магар шодӣ, ки ба ҳақ бувад ва он аз чаҳор ваҷҳ аст.
Ваҷҳи аввал он, ки шод аз он шавад, ки вай қасд кард ва пинҳон дошт, Ҳақ таъоло бе қасди вай изҳор кард ва маъсияту тақсир, ки карда бошад, Ҳақ таъоло изҳор накарда бидонад, ки бо вай лутф меравад ва фазл? Ки ҳар чӣ зишт аст, пӯшида ҳамедорад ва ҳар чӣ некӯст, изҳор ҳамекунад, шод ба фазлу лутфи Ҳақ таъоло бошад на ба санову қабули мардумон, чунон ки гуфт: «Қул бифазлиллоҳи ва бираҳматин фабизолика фалйафраҳу»:
Ваҷҳи дуввум — он, ки шод шавад ва гӯяд зиштиҳо бар ман пӯшида кард дар дунё, далел он аст, ки андар охират низ бипӯшонад; ки Ҳақ таъоло каримтар аз он аст, ки гуноҳе бар банда бипӯшонад дар ин ҷаҳон, он гоҳ дар он ҷаҳон расво гардонад.
Ваҷҳи сеюм — он, ки шод шавад аз он, ки донад чун бидиданд ба вай иқтидо кунанд ва эшон низ ба саодати абад расанд, то ӯро ҳам савоби сирр бинависанд, ки қасди пинҳон доштан кард ва ҳам савоб алоният, ки бе хости вай зоҳир шуд.
Ваҷҳи чаҳорум — он, ки шод бувад бад-он ки он кас, ки бидид бар вай сано гӯяд ва андар вай эътиқоди некӯ кунад ва вай бад-ин сано ва эътиқод мутеъи Ҳақ таъоло бошад ва ба тоати Ҳақ таъоло шод бувад на ба ҷоҳи хеш наздики вай ва нишони ин он бувад, ки агар бар тоати дигаре иттило афтад, ҳамчунин шод шавад.
Пайдо кардани риё, ки амалро ботил кунад Бидон, ки хатари риё андар аввали ибодат бувад ё пас аз фароғ ё андар миёни ибодат: он, ки андар аввали ибодат бувад, он ибодатро ботил кунад, чи ихлос андар ният шарт аст, ихлос бад-ин ботил шавад, аммо агар риё на андар асли ибодат бувад, чунон ки мубодират кунад андар намоз аввали вақт ба сабаби риё ва агар танҳо будӣ андар асли намоз, тақсир накардӣ, савоби аввали вақт ботил шавад, аммо асли намоз бояд, ки ботил нашавад ва дуруст бувад; ки нияти вай андар асли намоз ба сабаби диёнат маҳз аст, ҳамчунон ки касе андар сарой ғасби намоз кунад, фариза гузорида ояд, агарчи осӣ аст, лекин осӣ ба нафс намоз нест, ин ҷо низ муроъӣ ба нафси намоз нест, балки ба вақт аст ва аммо агар намоз бо холис тамом бикунад, пас хотири риё андар ояд ва изҳор кунад, намози гузашта ботил нашавад, валекин бад-ин муоқиб бувад. Ривоят кардаанд, ки: яке гуфт: «Дӯш Алқабра бархондаам», Ибни Масъуд разийаллоҳу анҳу гуфт: «Насиби вай аз ибодат ин бувад», яъне ин изҳор, ки кард. Ва яке фаро расул алайҳиссалом гуфт: «Рӯза пайваста дорам». Гуфт: «Ба рӯзаӣ ва на ба рӯзаӣ ва гуфтаанд маънӣ он аст, ки чун бигуфт, ибодат ботил шуд ва зоҳир наздики мо он аст, ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва Ибни Масъуд аз он гуфтаанд, ки бад-ин бидонистаанд, ки андар вақт ибодат аз риё холӣ набудааст; аммо чун холӣ бувад, ба ид бувад ибодате, ки дуруст омад ва тамом шуд, пас аз он ботил шавад!» Ва низ андар маънӣ ин ҳадис гуфтаанд: аз он гуфт, ки андар рӯза пайваста наҳй омадааст.
Аммо он чӣ андар миёни ибодат андар ояд, агар асли ният ибодатро маъдум кунад, намоз ботил шавад, чунон ки назорае фаро расад ва ё чизе гум карда бошад бо ёдаш ояд ва агар мардумон набудандӣ, намоз бибуридӣ, аз шарм намоз бикард, ин намоз ботил бувад, ки нияти ибодат ҳазимат кард1 ва ин истодан барои мардумон аст, аммо агар асли ният бар ҷой бошад, лекин аз назари мардумон нишоте падид ояд ва намоз некӯ кардан гирад, наздики мо он аст, ки намоз ботил нашавад, агарчи бад-ин риё осӣ аст, аммо агар касе ибодати вайро бинад, рӯй шод шавад бад-он, Ҳорис Муҳосибӣ гӯяд, хилоф аст, ки намози вай ботил шавад ё на ва ӯ мегӯяд, ман мутаваққиф будам дар ин ва акнун ғолиби занни ман он аст, ки ботил шавад, пас гуфт: «Агар касе гӯяд, ки марде аз расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсид, ки ман амали пинҳон дорам, валекин чун пайдо гардад, шод шавам», расул алайҳиссалом гуфт: «Туро ду музд ҳосил шавад, яке музди сирр ва яке музди алоният?!» Ҷавоби вай он аст, ки ин хабари мурсал2 аст ва асноди вай муттасил нест ва бошад, ки бад-ин он хоста бошад, ки пас аз фароғ зоҳир гардад ва ё он хоста бошад, ки шод ба фазли Ҳақ таъоло шавад андар изҳори тоат, чунон ки пеш аз ин гуфтем, ба далели он, ки ҳеч кас нагӯяд, ки шод шудан ба иттилои мардумон сабаби он бошад, ки музд зиёдат шавад, агарчи сабаб маъсият набувад, ин аст сухани Ҳориси Муҳосибӣ ва зоҳиртарин наздики мо он аст, ки бад-ин қадар, ки шод шавад, чун андар амал чизе наяфзояд ва асли
1 Аз байн рафт — ботил шуд.
2 Мурсал ҳадисе аст, ки дар силсилаи ривоят ба як тобеъе мерасад ва ӯ мегӯяд, пайғамбар чунин фармуд ва ҳеч кадом аз асҳобро зимни ривоят нақл намекунад.
ният бар ҷой бувад ва амали ба ҳукми он ният ҳамекунад, бад-ин намоз ботил нашавад.
Пайдо кардани илоҷи бемории дил ба риё Бидон, ки ин бемории азим аст, илоҷи ин воҷиб аст ва ҷуз ба ҷиддӣ тамом илоҷ напазирад, ки ин иллате аст бо мизоҷи дили одамӣ омехта ва андар вай росих шуда, илоҷ душвор пазирад; ва сабаби саъубати ин беморӣ он аст, ки одамӣ аз кӯдакӣ боз мардумонро мебинад, ки рӯву риё бо якдигар нигоҳ медоранд ва худро андар чашми якдигар ҳамеороянд ва ҳама шуғли эшон ё бештари он бошад ва ин табъ андар дили кӯдак растан гирад ва ҳар рӯз зиёдат ҳамешавад, то он гоҳ, ки оқили тамом шавад ва бидонад, ки ин кор зиёнкорист ва он одат ғолиб шуда бошад ва маҳв кардани он душвор гашта бошад ва ҳеч кас аз ин беморӣ холӣ набошад ва ин муҷоҳидати фарзи айни ҳама халқ аст. Ва андар муолиҷат ду мақом аст: яке талаби мусаҳҳал1, ки моддати ин аз ботин бибарад ва қалъ кунад ва ин мураккаб аст аз илму амал:
Аммо илмӣ — он аст, ки зарурӣ бишиносад, ки одамӣ он чӣ кунад, аз он кунад, ки вайро лаззате бошад дар вақт, чун шиносад, ки зарари он андар оқибат ба дараҷаест, ки тоқати он надорад, даст бидоштан бар вай саҳл шавад, чунон ки бидонад, ки дар ангубин заҳри қотил аст ва агарчи бар вай ҳарис бувад, аз вай ҳазар кунад ва асли риё агарчи бар ҷумла бо дӯстии ҷоҳу манзалат ояд, валекин се бех дорад: яке дӯстии маҳмадати сано, дуввум бими накӯҳидан ва мазаммат, сеюм тамаъ андар мардумон ва барои ин бувад, ки аъробие расулро гуфт, ки: чӣ гӯӣ дар марде, ки ҷиҳод кунад барои ҳамият ё барои он, ки марде вайро бибинад ё ҳадиси вай кунад? Расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар кӣҷиҳод бад-он кунад, то калимаи тавҳид ғолиб шавад, вай андар роҳи Ҳақ таъоло аст»; ва ин ҳама ишорат ба талаби зикру сано ва бими мазаммат аст; ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар кӣғазо кунад, то зонубанди шутуре ба даст орад, вайро ҷуз он нест аз ғазо, ки ният кардааст», пас ҳосили риё аз ин се асл ояд, аммо шараҳи санои халқ, бояд ки бишиканад, бад-он ки бияндешад аз фазиҳати хеш андар қиёмат, ки бар сари мулло мунодӣ кунанд: ё муроъӣ ё фоҷир ё гумроҳ, шарм надоштӣ, ки тоати Ҳақ таъоло ба ҳадиси мардумон бифурӯхтӣ ва дили халқ нигоҳ доштӣ ва ба ризои холиқ бок надоштӣ ва дурӣ аз Ҳақ таъоло ихтиёр кардӣ, то ба халқ наздик шавӣ ва қабули халқ аз қабули ҳақ дӯсттар доштӣ ва ба мазаммати холиқ ризо
1 Мақоми дуввум дар сафҳаи ??? сатри ?? аст.

пешина
аз 176
навбатӣ