Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ҷинси сеюм — риё ба гуфтор бувад, чунон ки лаб ҳамеҷунбонад, то пиндоранд, ки аз зикр ҳеч намеосояд ва бошад, ки вай зикр ҳамекунад, валекин агар хоҳад, ки ба дил кунад ва лаб наҷунбонад, натавонад, тарсад, ки мардумон надонанд, ки вай зикр ҳамекунад; ва чунон ки ҳасбат кунад бар мардумон ва андар хилват мисли он ҳамекунад; ё томоту ибороти
1 Або бар сар кунад.
2 Ҷуроби чармӣ.
3 Навъе ҷомаи пашмини гаронбаҳо.
4 Навъе либос монанди шинел ва либоси расмии қозиён.
5 Порчаи нозуки катонӣ.
6 Ҷомаҳои роҳ–роҳ, ки аз Ҳинд меоварданд.
сӯфиён ёд гирад ва ҳамегӯяд, то пиндоранд, ки илми тасаввуф нек донад; ё ҳар замон сар фурӯ барад ва биҷунбонад, то пиндоранд, ки андар ваҷд аст; ё боди сард1ҳамекашад ё андӯҳҳаме фаро намояд ба сабаби ғафлати мардумон аз мусулмонӣ; ё ахбор ва ҳикоят ёд гирад ва ҳамегӯяд, то гӯянд, ки илми вай бисёр аст ва пиронро бисёр дидааст ва сафар бисёр кардааст.
Ҷинси чаҳорум — риё бувад ба тоат, чунон ки касе аз дур ояд, намоз некӯтар кунад ва сар андар пеш афканад ва андар рукуъ ва суҷуд бештар мақом кунад, ҳар сӯй нанигарад ва садақа андар пеши мардумон диҳад ва амсоли ин ва чун фаро равад, оҳиста равад ва сар андар пеш афканад ва агар танҳо равад, ба шитоб равад ва аз ҳар сӯ нигарад ва чун касе аз дур ояд, ба оҳистагӣ шавад; Ҷинси панҷум — он, ки фаро намояд, ки вайро мурид бисёр аст ва шогирд бисёр дорад ва хоҷагону амирон ба саломи вай ҳамеоянд ва ба вай табаррук ҳамекунанд ва машоих вайро ҳурмат ҳамедоранд ва ба вай некӯ нигаристаанд ва бошад, ки ин маъонӣ бар забон зоҳир кунад, то чун бо касе хусумат кунад, гӯяд: ту киӣ ва муридат кист ва шайхат кист? Ва ман чандин пир дидаам ва чандин сол андар пеши фулон пир будаам ва ту киро дидаӣ ва амсоли ин ва бо ин сабаб ранҷҳо бар хештан ниҳад ва андар шурб2 риё он ҳама осон бувад: ки роҳат бошад, ки хештанро бо миқдори нахӯде оварда бошад аз таом ва ба шурб он, ки мардумон ҳамедонанд ва санои вай ҳамегӯянд. Ва ҷумлаи ин ҳаром аст, чун ба ибодот бувад ва барои изҳори порсоӣ бувад, ки порсоӣ барои Ҳақ таъоло бояд ки бошад, аммо агар қабул ва ҷоҳҷӯяд ба чизе, ки на ибодат бувад, раво бошад, чи ҳар кӣ берун шавад ва ҷомаи некӯтар дарпӯшад ва оростатар бувад, ин мубоҳ аст, балки суннат аст, ки бад-ин ҷамол ва муруввати хеш изҳор кунад на порсоӣ, балки агар фазли хеш изҳор кунад, ба илми луғат ва наҳв ва ҳисоб ва тиб ва чизе, ки на илми дин бувад ва на барои тоат бувад, ин риё мубоҳ бувад, чи риё талаби ҷоҳ аст ва гуфтем, ки талаби ҷоҳ чун аз ҳад бинашавад, мубоҳ бувад, аммо на ба тоат ва ибодат ва расул алайҳиссалом як рӯз берун хост шудан, ки асҳоб гирд омада буданд, андар хунби об нигарист ва аммома ва мӯй рост бикард, Оиша гуфт: «Ё расулуллоҳ, ин чунин ҳамекунӣ?» Гуфт: «Оре, Худои таъоло дӯст дорад бандаи худро, ки чун бародарони хешро хоҳад дид, барои эшон таҷаммул кунад ва хештанро биёрояд ва чун ин феъл аз
1 Оҳи сард.
2 Шурб дар ин ҷо ба маънии лаззат оварда шуда, вале дар кутуб луғат ёфт нашуд. Муҳтамал аст риёро чун мисгаре тасаввур карда барои риё кори шурбро аз шурби хамр истиора карда бошад. Маънии дигаре, ки дар кутуби луғат бо шурб муносиб ба назар мерасад, дурӯғ мебошад.
расул алайҳиссалом буд, ҳам асли дин бошад, ки вай маъмур бувад бадон, ки худро андар дил ва чашми эшон ороста дорад, то ба вай майл зиёдат кунанд ва иқтидо ба вай доранд, валекин агар касе низ барои таҷаммул кунад раво бошад, балки суннат бувад ва яке аз фавоид ин он бошад, ки чун хештан бишулида дорад ва мурувват нигоҳ надорад, ғайбат кунанд ва нафрат гиранд аз вай ва вай сабаби он буда бошад». Аммо риё чун ба ибодат бувад, ҳаром бошад ба ду сабаб: яке он, ки талбис карда бошад, ки фаро мардумон ҳаменамояд, ки мухлис аст андар ин ибодат ва чун дили вай ба халқ менигарад, муфлис бувад ва мухлис нест ва агар мардумон бидонанд, ки барои эшон ҳамекунад, вайро душман гиранд ва қабул накунанд; дигар он, ки намозу рӯза ва ибодат ҳақрост азза ва ҷалла, чун барои махлуқ кунад, истеҳзо карда бошад ва бандаи оҷиз ва заифро мақсуд дошта бошад андар коре, ки мақсуди он Ҳақ таъоло бошад ва масали вай чун касе бувад, ки андар пеши малике бар по истад андар сурати хидмат ва ғарази вай он бувад, ки андар ғуломе ё андар канизаке ҳаменигарад ва фаро малик ҳаменамояд, ки ба хидмат истодааст ва мақсуд чизи дигар, ин истихфоф ва истеҳзо бувад ба малик, чи ғараз дигаре ба наздики вай муҳимтар шудааст аз хидмати малик; ҳамчунин ҳар кӣ намоз ба риё кунад; ба ҳақиқат рукуъ ва суҷуд барои дигаре ҳамекунад ва агар ба суҷуд таъзими одамӣ мақсуд будӣ, ширк зоҳир будӣ, валекин таъзими одамӣ бар он ваҷҳ аст, ки қабули вай мақсуд шудааст, то бад-он ки Худои таъолоро суҷуд ҳамекунад, қабули вай низ ҳосил ҳамекунад, бад-ин сабаб ин риё ширки хафӣ1 аст на ҷалӣ2
.
Пайдо кардани дараҷоти риё
Бидон, ки дараҷоти риё мутафовит аст ва баъзе азимтар аст ва тафовути он аз се асл хезад:
Асли аввал — он, ки қасди риё бе қасди савоб бошад, чунон ки намоз кунад ва рӯза дорад ва агар танҳо будӣ, накардӣ ва ин сахт азим бувад ва иқоби ин бузург бошад; аммо агар қасди савоб дорад низ, валекин агар танҳо будӣ, ин низ ба дараҷаи аввал наздик буд ва ин қасди заиф вайро аз хашми Ҳақ таъоло берун наёварад; аммо агар қасди савоб ғолиб бувад ва агар танҳо ба вай бикардӣ, валекин чун касе ҳамебинад, андар нишот бияфзояд ва бар вай осонтар бувад, чунин умед дорем, ки ибодат бад-ин ботил нашавад ва савоб ҳабта нашавад, аммо бад-он қадар, ки шурб риё
1 Пинҳон.
2 Ошкоро.
будааст, вайро уқубат кунанд ё бадон қадр аз савоби вай камтар кунанд, аммо агар ҳар ду қасд баробар бувад, чунон ки яке ғолибтар набошад, ин ширк буда ва зоҳири ахбор он аст, ки аз ин ба саломат ва сар ба сар наҷаҳад, балки муъоқиб бошад.
Асли дуввум — тафовути он чи риё ба вай кунанд ва он тоат аст ва он бар се дараҷа аст:
Дараҷаи аввал — риё бошад ба асли имон ва ин имони мунофиқ бувад ва кори вай саъбтар бувад аз кофир, ки вай низ ба ботин кофир аст ва ба зоҳир талбис ҳамекунад ва чунин андар ибтидои ислом бисёр будаанд ва акнун камтар бошад, аммо ибоҳатиён ва касоне, ки мулҳид шудаанд ва ба шариату охират имон надоранд ва ба зоҳир хилофи он ҳаменамоянд, аз ҷумла ин мунофиқон бошанд, ки ҷовид ба дӯзах бошанд.
Дараҷаи дуввум — риё бувад бо асли ибодот: чун касе, ки намоз кунад бе таҳорат пеши мардумон ва ё рӯза дорад ва агар танҳо будӣ, накардӣ ва ин низ азим аст, валекин на чун риё бувад бо асли имон. Ва бар ҷумла чун манзалат наздики халқ дӯсттар медорад аз он, ки ба наздики Ҳақ таъоло имони вай заиф бувад, агарчи кофир нест, валекин андар вақти марг, андар хатари куфр бошад, агар на тавба кунад.
Дараҷаи саввум — он, ки риё бо асли имон ва фароиз накунад, валекин ба суннат кунад, чунон ки намози шаб кунад ва садақа диҳад ва ба ҷамоат шавад ва рӯзи арафа ва Ошуро ва душанбе ва панҷшанбе рӯза дорад, барои он ки то вайро мазаммат накунанд ё бар вай сано гӯянд ва бошад, ки гӯяд: ҳамон ангорам, ки накардам, ки ин бар ман воҷиб набувад, акнун савобе намебиюсам1, бояд ки иқобе набошад, на чунин аст, ки ин ибодатҳо барои Ҳақ таъоло аст ва халқро дар он насибе нест ва чун барои халқ кунад, халқро фаро пеш дошта бошад андар чизе, ки он ҷуз Ҳақ таъолоро нест ва ин истеҳзо бувад ва сабаби иқоб бошад, агарчи бадон саъбе набошад, ки андар фароиз бувад ва наздик бошад бад-ин он риё, ки ба суннатҳо кунанд, ки сифоти ибодот бувад: чунон ки чун касеро бинад, рукуъ ва суҷуд некӯтар кунад ва илтифот накунад ба ҳеч чиз ва қироат зиёдат бикашад ва талаби ҷамоат кунад ва танҳо накунад ва сафи пешин гирад ва андар закот аз он диҳад, ки беҳтар бошад ва андар рӯза забон нигоҳ дорад ва ба хилват бинишинад2
.
Асли саввум — тафовут мақсуди муроъӣ бувад, ки лобуд муроиро ғаразе бошад аз риё ва он бар се дараҷа аст.
1 Биюсидан: таваққӯъ доштан, чашм доштан.
2 Мақсуд он аст, ки закотро аз ҷинсҳои хуб додан ва забонро дар рӯза нигоҳ доштан, аз бими мазаммати халқ ва риё кунад, на барои Худо.
Дараҷаи аввал — он, ки мақсуди вай ҷоҳе бошад, то аз он ба фисқе ва маъсияте расад, чунон ки амонат ва тақво ва ҳазар аз шубуҳот аз худ фаро намояд, то вилояти авқоф ва қазо ва васоё ва вадиъат ва амонат ва моли ятим фаро вай диҳанд, то андар он хиёнат кунад ё мол фаро вай диҳанд, то ба закот садақа диҳад ва ба мустаҳақ расонад ё дар роҳи ҳаҷ бар дарвешон нафақа кунад ё андар хонақоҳи сӯфиён харҷ кунад ё бар масҷид ва работ ва иморати он сарф кунад ва ё маҷлис кунад ва худро ба порсоӣ фаро намояд ва чашм бар зане афканда бошад, ки хоҳад, ки он зан андар ва рағбат кунад ё ба фасод бо вай бинишинад ё ба маҷлис1 шавад, мақсуди вай он бошад, ки андар зане ё амраде нигарад ва амсоли ин саъбтарин мақсудҳо бувад: ки ибодати ҳақро роҳе сохта, то бад-он ба маъсияти вай расад; ва ҳамчунин бошад, ки касе ба моле ё ба зане вайро тӯҳмат кунад, мол ба садақа бидиҳад ва парҳез фаро намояд, то он тӯҳматро аз хеш бияфканад, то гӯянд: касе, ки моли хеш бидиҳад, моли дигарон чун ба ҳалол дорад.
Дараҷаи дуввум — он, ки ғарази вай мубоҳе бувад, чун музаккир2, ки хештанро порсо намояд, то вайро чизе диҳанд ё зане андар никоҳи вай рағбат кунад ва ин низ андар сахати Ҳақ таъоло аст, агарчи кори вай бадон саъбе нест, ки он пешин бувад, чи ин низ тоати Ҳақ таъолоро роҳе сохт ба матоъи дунё ва тоати роҳи тақарруб ба ҳазрати Ҳақ таъоло ва ёфти саодати охират бувад, чун роҳи дунё сохт, хиёнати вай бузург бошад.
Дараҷаи саввум — он, ки чизе талаб намекунад, валекин ҳазар ҳамекунад, ки вайро ба чашми ҳурмат нанигаранд, чунон ки зоҳидонро ва солеҳонро нигаранд: чунон ки зуд равад ва чун касеро бинад, оҳиста равад ва сар андар пеш афканад ва шайхвор рафтан гирад, то нагӯянд, ки вай аз аҳли ғафлат аст ва пиндоранд, ки вай низ андар миёни кори дин аст; ва ё хоҳад, ки бихандад, фурӯ гирад, то нагӯянд: ҳазл бар вай ғолиб аст; ё боди сарде бикашад ва ранҷе фаро намояд ё пораи сар андар пеш кашад ва истиғфор кунад ва гӯяд: субҳоналлоҳ, аз ин ғафлати одамӣ моро чи ҷои ғафлат бо он, ки моро фаро пеш аст! Ва Ҳақ таъоло аз дили вай донад, ки агар танҳо будӣ, он таассуф ва он истиғфор набудӣ; ва ё андар пеши вай касе ғайбат кунад, гӯяд: мардумро аз ин муҳимтар кор ҳаст, ба ғайбат ва айби худ машғул шудан авлотар, то гӯянд, ки: вай ғайбат намекунад, ё қавмеро ҳамебинад, ки намоз ҳамекунанд аз таровеҳ ё намози шаб ё рӯзи панҷшанбе ва душанбе рӯза ҳамедоранд ва агар вай надорад, коҳилаш шумуранд, аз бими ин мувофиқат кунад; ва ё андар Арафа ва Ошуро рӯза
1 Мақсуд маҷлис ва мавъиза ва маҷолиси динӣ аст.

пешина
аз 176
навбатӣ