Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар асарҳои классикӣ намунаи ин гуна осор бисёр аст, ҳамчун «Калилаву Димна», «Тӯтинома», «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридуддини Аттор, «Чангу чанголӣ»-и Абӯисҳоқи Атъима, «Ҳайвонотнома»-и Сайдо, «Се қатра»-и Лоҳутӣ ва ғайра.
Намунаҳои зерине, ки аз классикон оварда мешавад, барои ташхис мисолҳои барҷаста ва зебое мебошанд:
Гул гуфт, ки: ман Юсуфи Мисри чаманам,
Ёқути гаронмояи пурзар даханам.
Гуфтам: Чу ту Юсуфӣ, нишоне бинмой!
Гуфто, ки: Ба хун ғарқ нигар пираханам.
(Хайём).
Сурохӣ1 ба гӯши қадаҳ бурда сар,
Бад-ӯ рози сарбаста гуфтӣ магар.
Намедонам чӣ гуфтӣ, чӣ ангехтӣ,
Ки гуфтӣю аз дида хун рехтӣ.
(Асадии Тӯсӣ).
Субҳидам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт:
Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт.
Гул бихандид, ки аз рост наранчем, вале Ҳеҷ ошиқ сухани талх ба маъшуқ нагуфт.
(Ҳофиз).
Бигуфтам: «Ҷони бемори маро кӣ мекунад дармон?»
Бихандиду бигуфт: «Эй бенаво, ҷононае чун ман».
Бигуфтам: «Лек ганҷинаи ишқам куҷо бошад?»
Дилам ҷунбиду гуфто: «Хонаи вайронае чун ман».
(Лоҳутӣ).
ИРССОЛИ МАСАЛ
(Тамсил)
Шоир барои тақвияти даъвои худ баъзан аз зиндагии иҷтимоӣ, аз таҷриба ва амалияи ҳаёти шахсӣ мисоле мегирад. Ҳамин мисол овардани шоирон ирсоли масал ё тамсил номида мешавад. Вале гоҳо далелҳои хаёлию фарозӣ ҳам меоранд. Ин гуна тамсилҳо аксаран ғайритабиӣ ва ғайриҳаётӣ воқеъ шудаанд.
Чанд мисол аз тамсилҳои ҳаётӣ меорем. Чунон ки Ҳофиз мегӯяд:
Ҳофиз, аз боди хазон дар чамани даҳр матарс,
Фикри маҳзул мафармо, гули бехор куҷост?
Аз бадон ҷуз бадӣ наёмӯзӣ,
Накунад гург пӯстиндӯзӣ.
(Саъдӣ).
1 Сурохӣ — шишаи шароб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё