Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар тариқи нафъи худ кас нест мӯҳтоҷи далел,
Бе асо роҳи даҳон мазлум бошад кӯрро.
(Бедил).
Дар байти аввал ҷумлаи «гули бехор куҷост?», дар байтҳои сонӣ мисраи дуюм ҳамчун масал зикр ёфтааст.
Шеваи нозукдилон маслуки² роҳи фақр нест,
Сахт душвор аст бори шишаву раҳ санглоҳ,
Харчи дорӣ чун шукуфа барфишон, зеро ки санг
Баҳри мева мехӯрад аз дасти муште сифла шоҳ.
(Ҷомӣ).
Ирсоли масал хусусан дар шеъри намояндагони сабки ҳиндӣ бисёр дида мешавад. Онҳо бештар мисраи дуюми байтро ба тарзи ҳикмат ва масал меоранд, ки барои тасдиқ ва тақвияти фикре, ки дар мисраи аввал баён ёфтааст, хизмат мекунад. Миёни аксарияти ташбеҳоти мураккаби пайравони сабки ҳиндӣ ва ирсоли масал алоқаи наздик мавҷуд аст.
Чунин ҳам воқеъ шудааст, ки ирсоли масал дар мисраи дуюмӣ байт не, балки дар байти дигаре меояд.
Мисол доир ба ирсоли масале, ки барои исботи муддао дар байтҳои дигар омадааст:
Зи каҷгӯӣ суханро қадр кам гашт,
Касе, к-ӯ ростгӯ шуд, мӯҳтарам гашт,
Чу натвон ростиро ҳарф кардан,
Дуругеро чӣ бояд дарҷ кардан?
Чу субҳи содиқ омад ростгуфтор,
Ҷаҳон дар зар гирифт у муҳташамвор.
Касе, к-ӯ ростӣ дар дил пазируд,
Ҷаҳон гирад, ҷаҳон ӯро нагирад.
Аз каҷӣ афти ба каму костӣ,
Аз ҳама ғам растӣ, агар ростӣ
Гул зи каҷӣ хор дар оғӯш ёфт,
Найшакар аз ростӣ ин нӯш ёфт.
(Низомӣ).
Ирсоли масалро дар осори Фирдавсӣ, Низомӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва ғайра фаровон мебинем. Ҳатто як қасидаи машҳури Хусрави Дехлавӣ саропо бо ин санъат зинат ёфтааст, аммо Абӯтолиби Калим, Соиб ва Ғанӣ, ки аз намояндагони сабки ҳиндӣ ҳастанд, ирсоли масалро ба худ як санъати махсусе қарор додаанд. Чунон ки Шиблии Нӯъмонӣ (дар ҷилди саввуми «Шеър-ул-Аҷам») қайд мекунад, хусусан Калим ин тарзро бисёр тараққӣ додааст.
Аксари даъвоҳои ӯ дар нафси худ саҳеҳ аст. Дар баъзе маврид даъво ва далелҳо хаёлист ва дар ин ҷо тахаюли шоирона бисёртар ба кор меравад.
¹ Далел — роҳбаланд, роҳбар.
² Маслук — ин ҷо ба маънои писандида омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё