Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
расонидааст. Манзумаи зерини мухтасаран нақл мешавад. Аммо барои нағз сарфаҳм рафтани ин талмеҳот мутлақо мутолиаи «Анвори Суҳайлӣ» зарур аст. Ширин аз Бузургумед панд хоҳиш мекунад:
Калиде кун, на занҷире дар ин банд,
Фурӯ хон аз Калила нуктае чанд.
Бузургуммед чун гулбарг бишкуфт,
Чиҳил қисса ба чил нукта фурӯ гуфт:
Рибохорӣ1 макун, ин панд менюш,2
Ки бо шери жаён ҷӯй кард харгӯш.
Басо сар, к-аз забон зери замин рафт,
Батонро3 бо кашаф4 васле5 чунин рафт.
Ба ҳилат моли мардум хӯрд натвон,
Чу бузургдони доно моли нодон.
Чу бар доно кушой ҳиларо дар,
Чу гуки моркуш дар сар кунӣ сар.
Хиял6 бигзору машнав з-он ҳиялсоз,
Ки муш оҳан хӯрад, кӯдак барад боз.
Чу нақши ҳила бар ҷодар фишонӣ,
Бад-он наққоши ҷодарсӯз монӣ.
Зи доно тан саломатбахр7 гардад,
Илоҷ аз дасти нодон заҳр гардад.
Зи беморӣ ба доноӣ расад тан,
Чу з-он бегонае он порсозан.
Ба доноӣ тавон растан зи абем,
Чу он мурғи нигорин раст аз дом.
Макун шӯхӣ, вафодорӣ биёмӯз,
Чу муши дом дар зоғи даҳандӯз.
Камол дар қитъаи поён аз рӯи тафохур аз Саъдӣ бартарӣ ҷустани худро талмеҳан зикр кардааст:
Дар шакаррези фикри хеш, Камол, Қанди ҳар як сухан муқаррар соз То биёяд ба чошнигирӣ Шакар аз Мисру Саъдӣ аз Шероз.
Шеъри Саъдӣ:
Ба дил гуфтам: аз Миср қанд оварам,
Бари дӯстон армуғоне барам.
Маро гар тиҳӣ буд аз он қанд даст,
Суханҳое ширинтар аз қанд ҳаст.
ТАШХИС Ба ҳайвонҳо, паррандагон, наботот, ҷамодот, ҷирмҳои осмонӣ ва ғайра эҳсосоту хислатҳои инсонӣ нисбат дода, онҳоро дар миёни худ ва ё бо инсон гап занондан ташхису интоқ ё ки ба шакли мӯҷаз ташхис номида мешавад.
1 Рибохорӣ — порахӯрӣ, судхӯрӣ.
2 Менюш — менаюш — гӯш кун.
3 Бат — мурғобӣ.
4 Кашаф — сангпушт.
5 Васл — пайвастан, ин ҷо ба маънои дӯстӣ.
6 Хиял — ҳилаҳо.
7 Саломатбахр — офиятманд, тандуруст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё