Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Юсуфрӯе, к-аз ӯ фиғон кард дилам,
Чун дасти занони мисриён кард дилам.
З-оғоз ба бӯса меҳрубон кард дилам,
Имрӯз нишони ғамҳо нкард дилам.

Дар афсонаи Юсуф ва Зулайхо гуфта мешавад, ки Зулайхо ошиқи Юсуф шуд ва занони аъёни мамлакати Миср ӯро таҳқир карданд, аммо ҳангоме ки худи он занҳо Юсуфро диданд, аз ҳусну ҷамоли ӯ ба ҳайрат монда, ба ҷои турунҷе, ки дар даст доштанд, дасти худро буридан гирифтанд. Рӯдакӣ бо ибораи «дасти занони мисриён» ба ҳамин воқеа ишорат кардааст.

Дар байти зерин низ талмеҳ аст, ки шоир бо калимаи «падарам» ба ҳазрати Одам, ки гӯё хилофи фармони Худо гандуми мамнӯъро хӯрда буд ва Худо ӯро ғазаб карда аз ҷаннат пеш кард, ишорат намудааст:

Падарам равзаи ризвон1 ба ду гандум бифурӯхт,
Нохалаф бошаму, агар ман ба ҷаве нафурӯшам.
(Ҳофиз).

Дар ин байти Ҳофиз низ ба Сомирӣ, ки соҳири асотирӣ будааст, инчунин ба асо ва яди байзо (дасти сафед), ки аломати мӯъҷизаи Мӯсо буд, талмеҳ аст:

Он ҳама шаҳбадаҳо2 ақл, ки мекард он ҷо,
Сомирӣ пеши асову яди байзо мекард.

Дар ин байти Ҳофиз низ ба ҳикояти Қоруни судхӯри асотири исроилӣ, ки бинобар ба Мӯсо имон наоварданаш гӯё ӯро ҳанӯз замин ба қаъри худ мекашад, талмеҳ аст:

Ганҷи Қорун, ки фурӯ мешавад аз қаър ҳанӯз,
Хонда бошӣ, ки ҳам аз ғайрати дарвешон аст.

Дар байти зерин низ ба афсонаи Сулаймон ва ӯро меҳмон намудани мӯрча ва дар байти сонӣ ба ҳикояти Фарҳод ишорат аст:

Метавонад сохт аз дасти Сулаймон пойтахт,
Мӯрро Соиб, агар баҳси суханбозӣ кунад.
(Соиб).

Санги тифлон шуморад кӯҳи гаронро Соиб,
Ошиқеро, ки чу Фарҳод ба сар кор афтод.
(Соиб).

Низоми [Низомиддин / Низомӣ] дар «Хусраву Ширин» аз забони Бузургмеҳр ба ҳар яке аз чил қиссаи «Калилаву Димна» ба таври талмеҳ ишорае карда хулосаи онро ҳамчун нукта дар байтҳои ҷудогона ҷой гиронидааст. Низомӣ ин санъатро хеле моҳирона ба анҷом ра-

1 Равзаи ризвонӣ — боғи ҷаннат.
2 Шаҳбадаҳо — найрангбозиҳо.

пешина
аз 303
навбатӣ