Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Ба ин байти Анварӣ:

Гар дилу даст баҳру кон бошад,
Дилу дасти худойгон бошад.

Саъдӣ санги таъриз задааст:

Ман ин ғалат написандам зи роҳи равшани ту,
Ки дасту табъи ту гӯям «Ба баҳру кон бошад».

Бедил дар бораи ин шеърҳои Заҳир ва Анварӣ гуфтааст:

Бедил, ман он наям, ки шавам тоҷри камол,
Ҷое, ки хосу ом суханрост муштарӣ.
Дар арсаи баён нафасе гирд мекунам
Бе даъвати фазилату лофи суханварӣ.
Ҳайф аст фитрату силамуштоқи Амру Зайд,
Дорад кусур киммат аз ин ранг шонрӣ.
Қилкам ба сафҳа мушти ғуборе нишондааст,
Озодам аз тахайюлу авҳомгустарӣ.
Аз ҳеҷ кас наям силаандеши бешу кам,
Маддоҳи фитратам, на Заҳирам, на Анварӣ!
Шеъре, ки дар дил орзуи гадо¹, парварад,
Бар маънияш би... ӯ ба алфози ӯ би... й!..

Камол низ аз санъати шеърии худ нозида ба ҳазлиёти ғализи Саъдӣ бо назари таъриз нигаристааст, вале мунсифона ин тирро на ба Таййибот ном қисми ғазалиёти Саъдӣ роҳӣ мекунад, балки ҳазлиёти ӯро ҳабисот (ифлосиҳо) меномад²:

Камол, ин нукта гар Саъдӣ шунидӣ,
Фурӯ шустӣ ба козургоҳ³ дафтар.
На он дафтар, ки дар вай Таййибот аст,
Ҳабисоташ фурӯ шустӣ саросар.

ТАЛМЕҲ

Талмеҳ дар луғат нигоҳи сабук кардан ба сӯи чизест. Агар «талмеҳ»-ро қаблан «тамлеҳ» қарор диҳем, ба маънои милҳ кардан — намакин кардан меояд, ки ин ҳам дуруст аст.

Аммо дар адабиёти бадеӣ ишорат кардан ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, қиссаву афсонаҳо ва ба ягон шеъри маъруфи яке аз саромадони сухан санъати талмеҳ номида мешавад.

Дар ин рубоии устод Рӯдакӣ ба Юсуф — писари Яъқуби канъонӣ, ки яке аз пайғамбарони асотирии исроилист, талмеҳан ишорат шудааст:

___________________ 1 Галя — гадой.
2 Устод С. Айнӣ дар мақолаи худ дар бораи Саъдӣ қайд мекунад, ки ҳазлиёт аз Саъдӣ нест. Дар ҳақиқат ин гуна чизҳо барои паст кардани шаъни бузургони аср аз тарафи душманони муосир навишта нисбат дода мешавад.
3 Гозургоҳ — ҷои ҷомашӯӣ, карбошӯӣ.

пешина
аз 303
навбатӣ