Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
мусбату манфӣ ва ғайраро ифода мекунад ва зоҳиран муайян намешавад, ки мақсади гӯянда кадом маъност. Яъне гӯянда сухане мегӯяд, ки ду маънои гуногуни ба ҳам мухолифро ифода мекунад. Инро ибҳом низ мегӯянд, ки пӯшида баён кардан аст.
Шод гардад ба рӯъяти ту ғамгин,
Пир гардад ба давлати ту ҷавон.
Ё ки:
Дид чун меҳроби абрӯи бутони ишвасоз,
Чун он дорад, ки шайхи шаҳр бигзорад намоз.
Дар байти сорӣ ибораи намоз бигзорад эҳтимоли ду маъно дорад: адои намоз кунад ё намозро тарк кунад. Аз Салмони Соваҷӣ:
Пеш аз ин гар фитнае ангехтӣ дар гӯшае,
Чашми хубон дар замонаш фитнаро бинад ба хоб.
Яъне чашми маҳбубон фитнаро хобида меёбад, гумон мекунад ва ё фитнаро дар хоб мебинад. Ҳар ду маъно ҳосил аст, ки эҳтимоли ин ду маъни дар таркиби «ба хоб бинад» пинҳон аст.
Аз Рашиди Ватвот:
Эй хоҷа, зиё шавад аз рӯи ту зилам,
Бо талъати ту сур намояд мотам.
Яъне: эй хоҷа, аз рӯи ту торик равшан ва бо талъати ту мотам ба сур мегардад ва ё аз рӯи ту рӯшноӣ ба торикӣ ва тӯй ба мотам бадал мегардад.
II. Тавҷеҳ
Тавҷеҳ як навъи мӯҳтамилуззиддайн (ибҳом) буда, калимаҳои муносиби илмӣ ва истилоҳоти фаннӣ ҷамъ мешавад, аммо муроди гӯянда маънии дигар аст. Аз Хоқонӣ:
Аз асп пиёда шав, бар наълӣ замин рух неҳ,
Зери пан пилаш бин шаҳмот шуда Нӯъмон.
Аз Салмони Соваҷӣ:
Улогаке ду-се з-ин пеш дошт бандаи ту,
Ба наҷди кара яковк ба караҳояш дод,
Кунун тасаввури он мекунад, ки бартобад
Ба сӯи Сова1 нююи азимат аз Бағдод.
Пиёда рух ба раҳ оварда мотам аз ҳайрат,
Ту шахсаворию асп ба мот бояд дод.
1 Сова — номи шаҳре дар Эрон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё