Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ду мисол калимаҳои шахмот, рух, ҳисоб, мот дар айни ҳол ҳам дорои маънои оддии аслӣ ва ҳам шомили истилоҳоти шатранҷ аст. Ин рубоии Хайём низ мисоли ин санъат аст:

Фарзинсифато, ки масти ғамхот шудем,
В-аз асп пиёдаи ҷафохот шудем.
Аз бозии пилу шоҳ чун дармондем,
Рух бар рухи ӯ ниҳодаву мот шудем.

III. Таврия

Таврия дар луғат пӯшонидан, пинҳон кардан, чизеро бар хилофи ҳақиқат нишон додан аст, аммо дар илми бадеъ яке аз саноеи бисёр муҳим ва аз беҳтарин анвои санъатҳои бадеӣ ба шумор меравад.

Таврия низ як навъи таҷниси маънавӣ буда, иборат аз он аст, ки нависанда дар рафти сухан калимаеро, ки ду ва ё зиёда аз он маъно дорад, зикр мекунад. Аввал яке аз он маъноҳои калима ирода мешавад. Баъд аз бандакҷонишини соҳибӣ, ки ба калимаи матлуб бармегардад, маънои дуюмиро меҷӯяд, яъне аз калимае, ки ду ва ё чанд маъно дорад, як маъниро ирода мекунем, ва аз бандакҷонишинаш маънои дигарро.

Мисол аз «Гулистон»-и Саъдӣ:

Умед ҳаст, ки рӯи малол дарвакашад,
Аз он сабаб, ки гулистон на ҷои дилтангист.
Алалхусус, ки дебочаи ҳумоюнаш
Ба номи Саъдӣ Абубакр бинни Зангист.

Дар байти аввал калимаи гулистон ба маънои боғу бӯстон бошад, аз бандакҷонишини «аш», ки дар охири калимаи ҳумоюни омадааст, ба дебочаи «Гулистон» бармегардад ва мақсади асосӣ китоби «Гулистон» аст.

Мисол аз Шамсиддини Фақир:

То ба базми хеш моро додааст он сарв бор,
Аз ниҳоли қоматаш онро шудем умедвор.

Калимаи «бор» дар мисраи аввал ба маънои «ҳузур» аст, вале аз бандакҷонишини «аш», ки дар охири мисраи сонии ҳаст, фаҳмида мешавад, ки ба маънои «мева» низ омадааст.

Таврия санъати истихдом низ ном дорад. Истихдом дар луғат ба маънои ба хизмат гирифтан аст.

Иҳом

Иҳом (иҳом) дар луғат ба ғалат андохтани хонанда, тарки тасреҳу тавзеҳ кардан, аз равшанбаёнӣ худдорӣ намудан аст. Дар илми бадеъ санъати иҳом он аст, ки нависанда калимаеро,

пешина
аз 303
навбатӣ