Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан

ки ду маъно дорад, кор мефармояд ва аз ин ду маъно яке маънои наздик ва дигаре маънои дур аст. Муроди шоир маънои дур мебошад, вале ӯ калимаро чунон ба бозӣ меорад, ки хонанда фақат маънои наздикро мефаҳмад. Танҳо пас аз фикру мулоҳизае маънои дур, яъне асли мақсади шоирро пай бурдан мумкин аст. Ин аст, ки санъати иҳом яке аз мураккабтарин санъатҳои бадеиёти классикист ва шоирон онро барои пардапӯш кардани фикри худ, барои афзудани латофати каломи бадеӣ истифода менамоянд.

Масалан, дар ин байти Ҳофиз:

Ин ки мегӯянд он беҳтар зи ҳусн,
Ёри ман ин дораду он низ ҳам.

Калимаи «он» ду бор такрор шудааст: якумӣ ишоратҷонишин буда, дуюмӣ ба маънои ситорагармӣ, ҷозибаи ҳусни ёр аст. Дар мисраи дуюмӣ калимаҳои ину он зикр ёфтааст, ки фикри хонанда дар аввалин мартаба ба маънои наздик рафта, ҳар дуро ҳам ишоратҷонишин мепиндорад ва гумон мекунад, ки яке ба он ва дуюмӣ ба «ҳусн» вобаста аст. Аммо дар ҳақиқат муроди шоир ҳамон маънои дур — ситорагармӣ, ҷозибаи ҳусн ва малохат аст. Мақсади шоир ин аст: мегӯянд, ки ситорагармӣ ва ҷозиба аз ҳусн беҳтар аст, вале ёри ман ҳам он дорад ва ҳам ин, яъне ҳам ситорагарму ҷозибадор аст, ҳам соҳиби ҳусн.

Ё ки дар байти дигари Ҳофиз:

Ҳар як шиканҷи зулфат панҷоҳ шаст дорад,
Чун ин дили шикаста бо он шикан барояд?

Ин ҷо калимаи шаст ду маъно дорад: 1. Шумораи муайян, 2. Қалмоқ, шасти моҳигирӣ. Фикри хонанда аз рӯи қаринаи панҷоҳ ба маънои наздик, яъне ба шумораи рақамӣ меравад, вале мақсади шоир шасти моҳигирӣ мебошад. Чунки шаст ба шиканҷи зулф монанд аст.

Дар ин байти Исо-махдум низ иҳом ҳаст:

Зи умрам сӣ гузашту ман ҳамон дар қайди ифлосам!
Ба панҷоҳу чиҳил шояд раҳам аз шасти қашшоқӣ,

Дар ин байти Камоли Хуҷандӣ:

Камол, ин ҳалқа бар савдои занҷир аст, чист?
Ғарат ҷонест, дар боз аст, дарбоз!

Калимаи «дар боз»-и аввал ба маънои аслӣ, яъне ба маънои «дар яла аст», «дар кушодаву во мебошад» омадааст, вале «дарбоз»-и дуюм ду маъно дорад: 1) дар яла, во, ки маънои наздик аст. 2) маънои дарбоз, бозӣ кун, қурбон кун, фидо кун.

1 Ифлос — камбағалӣ, қашшоқӣ.

пешина
аз 303
навбатӣ