Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Маънои дуюм маънои дур аст ва дар ҳақиқат мақсади шоир ҳамин аст.

Байтҳои зерин, ки дар поён аз «Хусраву Ширин»-и Низомӣ нақл шудааст, барои санъати иҳом мисоли барҷастае мебошад. Хонанда дар назари аввал аз зоҳири ибора ба маънои наздики «шакару ширин» меравад, вале мақсади шоир Шакар ном духтар ва Ширин ном маҳбубаи Хисрав ва Фарҳод мебошад. Низомӣ бо калимаҳои «шакару» «ширин» суханбозӣ мекунад ва дар миёни ду духтар муқоиса ба кор мебарад ва чунон нишон медиҳад, ки дар натиҷа бартарӣ ва афзалияти Ширинро нисбат ба Шакар ба назар ҷилвагар менамояд:

Шакар ҳаргиз нагирад ҷои Ширин,
Бичарбад1 бар шакар ҳалвои ширин.
Чамани хок аст, чун насрин набуҳад,
Шакар талх аст, чун ширин набуҳад.
Магӯ Ширину Шаққар ҳаст яксон,
Зи най хезад шакар, ширинӣ аз сон.
Зи Ширин то Шаққар фарқе аён аст,
Ки Шаққар ҷону Ширин ҷони ҷон аст.
Парирӯест Ширин дар аморӣ2,
Бувад Шаққар аз ӯ дар пардадорӣ.3

Дар ин байти зерин Салмони Соваҷӣ аз рӯи қаринаи шаст ва тир зеҳни хонанда ба зеҳи камон меравад, ки дар вақти парондан аз он овоз мебарояд, вале мақсад таҳсину офарин аст. Инчунин аз рӯи қаринаи шасту тир зеҳн ба тири меандохтагӣ меравад ва ҳол он ки муроди шоир ситораи Уторид аст:

Сабо чун шасти зулфат баркушояд,
Зи Тири чарх бонги зеҳ барояд.

Дар байти зерин калимаи такрории «танг» эҳтимоли се маъно дорад: 1) даҳони танг, чашми танг; 2) зич ва пайваст; 3) чувол, яъне аз ин хубӣ ва зебоиҳо чувол-чувол дорад. Мақсади шоир низ ҳамин маънои сеюми мебошад:

Даҳони тангу чашми танг дорад,
Бувад з-ин ҷинс хубӣ танг-тангаш.
(Камол).

Адабиётшиносони классики форсу тоҷик бар хилофи адабиётшиносони араб иҳомро ба таҷниси маънавӣ, ки ду ва ё зиёда аз он маънои баробарҳуқуқро ифода намоянд, як донистаанд ва дар таҳти унвони иҳом эзоҳ мекардаанд. Вале мо ин ҷо ҳамин асосро ба назар мегирем, ки таҷниси лафзӣ дар як байт ду ва ё якчанд калимаи ҳамшакли алоҳидамаъноро ме-

1 Чарбидан — ғалаба кардан.
2 Аморӣ — қаҷоваи одамнишини болои шутур ва фил.
3 Ин порча дар айни ҳол ба санъати такрир ё илтизом низ шомил аст. Вале такрир ва ё илтизоми бағоят табиӣ, латиф ва санъаткорона аст.

пешина
аз 303
навбатӣ