Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан
  1. Не даст дорад, не по,
    Хабар мебарад ҳар ҷо.
    (Мактуб).

  2. Аспе дорам дар биёбон,
    Сари гул мехӯрад, оби равон.
    (Оҳу).

  3. Ҳари Ҳасан ҳанг зад,
    Замину осмон ранг зад.
    (Раъду барқ).

  4. Аз кӯҳ баромад мири ганда,
    Сар то қадамаш ҷоман ҷанда.
    (Шер).

  5. Аҷоиб сурате дидам,
    Ба зери сина пар дорад,
    Ба пояш наъли фулодӣ
    Даҳон аз тори сар дорад.
    (Осиёб).

ТАҶНИС

Дар забони тоҷикӣ (хоҳ дар забони гуфтугӯ ва хоҳ дар забони адабӣ) калимаҳое дучор меоянд, ки таркиби овозиашон якхела буда, дорои ду ва ё зиёда аз ду маънои мустақил ва ё маҷозии ба ҳам наздиканд.

Масалан, дар ин байги Хусрави Деҳлавӣ:
Тори зулфатро ҷудо машшота1 гар аз шона кард,
Дасти он машшота мебояд ҷудо аз шона кард.

Калимаи «шона» дар мисраи якум як асбоби маъруфро, ки барои ба тартиб овардани мӯй истифода мешавад, ифода кардааст, аммо дар мисраи дуюм ба маънои «шонаи одам», яъне як қисми тахтапушти одам омадааст.

Ин ду калима шаклан як аст, вале ҳар кадоми он як маънои дигарро ифода мекунад. Ин тарз калимаҳо аз нуқтаи назари забон омоним (ҳамшакл), вале дар илми бадеъ бинобар ду бор зикр шудани айни калима таҷнис ном мегирад, зеро дар як байт ду калимаи ҳамҷинсу ҳамшакл ба ду маънои ҷудогона зикр ёфтааст.

Аммо чунин ҳолатҳо низ дида мешаванд, ки айни калима дар як ҷумла ё мисраву байте ду ва ё зиёда аз он маъноро ифода намояд.

Чунон ки Ҳофиз мегӯяд:

1 Машшота — зани махсуси мӯйбоф ва ородиҳандаи духтарону нав-арӯсон.

пешина
аз 303
навбатӣ