Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Гоҳ бинӣ зумуррадин аламе
Аз гиребони ӯ барорад сар.
Ин луғазро ҳар он ки бикшояд,
Чашман об ондаш ба назар.
Шоирони тоҷик Лоҳутӣ, Деҳотӣ ва дигарон низ чистон гуфтаанд. Инак чистони шоҳмот аз М. Раҳимӣ:
Ду шоҳ дар як саро чун банда гардад,
Қаландармашрабу беҷанда гардад,
Сипоҳи ҳар ду то «маҳшар» ба ҷанг аст,
Ҳамеша мурда аз нав зинда гардад.
Ду шоҳе ки ба дунё ҳукмрон аст,
Дуаспа тахт дорад, хуш бар он аст,
Ба шасту чор «кишвар» ронда лашкар,
Тилисм афканда бар бозигарон аст!
Чистонҳои халқӣ:
-
Як чодари зангорӣ,
Шабҳо пурру рӯз холӣ.
(Осмон ва ситораҳо). -
Як падару як модар,
Боқӣ ҳама бародар.
(Офтоб, моҳ ва ситораҳо). -
Бузи зарди бозигар,
На дил дорад, на ҷигар.
(Дутор). -
Чор по дорад, як сум
Дар тори сараш дум?
(Чархчӯб). -
Чор чилик, чормон чилик,
Осмон гуррид, замин даррид?
(Раъду барқ). -
Шутури масти беша,
На ҷав хӯрад, на реша.
Оташ хӯрад ҳамеша
(Паровоз). -
Як парча санги каҳрабо,
Не дар замин, не дар ҳаво.
(Дунбаи гӯсфанд). -
Хар дар бор, бор дар хар,
Сих дар дум, тоҷ дар сар.
(Чувоз). -
Офтоби рӯи равшан,
Гаҳ торику гаҳ равшан?
(Моҳтоб).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё