Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар аз калимаи «зоҳир» (ظاهر) нуқта афтад, «Тоҳир» (طاهر) мемонад.
Ба исми Муҳаммад:

Хум чу нигун гашту яке катра рехт,
Хуш зи мадҳуши муҳаббат гурехт.
(Ҷомӣ)

Агар «хум» (خم) нигун, яъне чаппа шавад, «муҳ» (مخ) шуда, аз он қатрае (нуктае) афтад, «муҳ» (مح) мемонад ва аз «мадҳуш» «хуш» гурезад, «мад» (مد) мемонад, ки исми Муҳаммад (محمد) ҳосил мешавад.
Ба исми Карим:

Биншин нафасе, хотири Ҷомӣ дарёб,
Бикшо гиреҳ аз камар, бигардон маи ноб.

Агар аз «камар» (کمر) гиреҳ кушоем, яъне «м» равад, «кар» мемонад ва «май» (می)-ро гардонем, «ем» («им») (یم) мебарояд ва исми Карим ҳосил мегардад.
Ба исми Баҳо (بها)

Эй ёфта дарёҳо, мо ташна лабем,
Як катра барафшон, ки қави ташна лабем.
(Ҷомӣ).

Агар ба «ҳо» (ها)-и «дарёҳо» як катра (нукта) афшонем, Баҳо (بها) ҳосил мегардад.
Ба исми Ҷомӣ (جامی)

Ҷомӣ, ки ба мӯҳр карда будӣ хӯяш,
Бардор, дил аз ҷафову мебин сӯяш.
Ҳофиз.

Агар аз ҷафо (جفا) дил равад, яъне «ф» афтаду «ме» (می)-и мебин (میبین)-ро дар охири «ҷо» гузорем, «Ҷомӣ» ҳосил мегардад.
Муаммо ба номи паррандаҳо — шонасар ва куланг:

Ду мург аз марғзоре кард парвоз,
Ба қасди ҳардушон оҳанг кардам,
Якеро по буридам, гашт бесар,
Якеро сар буридам, ланг кардам.

Агар пои шонасар, ки сар аст, бурида шавад, бе сар мешавад ва шона мемонад, сари куланг, ки аз «к» иборат аст, бурида шавад, ланг мемонад.
Муаммо ба исми Амин (امین):

пешина
аз 303
навбатӣ