Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Хуфт наргис маствор, фарёди булбул барнахост
Нимшаб, к-аз хизмати махдуми кайҳон гашт боз.
Баъд аз тағаззул:
Забон кушод, ки шамъи бутон шудам, гуфтам:
Ҳазор хона бисӯзад, агар забон ин аст,
Кушод чеҳра, ки моҳе шудам ба рӯйи замин,
Дари малик бинамудам, ки «осмони ин аст».
Баъд аз тасвири дамидани офтоб:
Хуршеди ҷаҳонгир, мапиндор, ки дар разм
Шамшер кашида, малик-уш-шарк барояд.
ҲУСНИ МАКТАЪ
Охирини байти шеър мактаъ ном дорад. Шоир абёти охирро низ нағзу дилкаш бояд гӯяд, ки хулосаи тамоми шеър бошад. Ин санъатро, ки шеър бо иборати аҷиб ва маънии ғариб ҳатм мешавад, ҳусни мактаъ мегӯянд. Вақте ки хонанда байти охиринро мехонад, баъзе камбудии гузаштаро низ фаромӯш карда, завқи бадеӣ мегирад. Чунон ки дар боло гуфта шуд, ин санъат бештар дар қасидаҳои мадҳия ба кор мерафт ва аз дуои шоир дар ҳаққи мамдӯҳ иборат аст.
Мо дар ин ҷо доир ба ҳусни мактаъ, ки асосан дар ғазал бо зикри тахаллус анҷом меёбад, чанд мисол зикр менамоем.
Бадри Ҷочӣ гар аз ин пас васфи холу рух кунад, Сарнагун боду чу зулфу рӯсиёҳ боду чу хол.
(Бадри Ҷочӣ).
Васфи даҳанат Камол донам
Дар қофияҳои танг гӯяд.
(Камол).
Гуфт: худ додӣ ба мо дил Ҳофизо,
Мо муҳассил1 бар касе нагмоштем.
(Ҳофиз).
Ҳофиз, чу оби лутф зи назми ту мечакад,
Ҳосид чӣ гуна нукта тавонад бар он гирифт?
(Ҳофиз).
Урфӣ, ба ҳоли назъ расидию беҳ шудӣ,
Шармат наёмад аз дили уммедвори дӯст2?
(Урфӣ).
1 Муҳассил — ҷамъкунандаи андоз.
2 Мазмуни байт ин аст, ки гӯё Урфӣ бемор шуда, ба ҳоли назъ расида буд, ин хабар ба ёр расиду бо хурсанӣ гуфт, ки хайрият, ки мурд ва ман аз балои ӯ раҳоӣ ёфтам; лекин бар хилофи хоҳиши дӯст Урфӣ ба ҳол омаду дуруст шуд, умеди ёраш барбод рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё