Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Парирухе ба шакарханда қатли мардум кард,
Чу гуфтамаш, ки маро ҳам бикуш, табассум кард
(...)
Бурқаъ¹ ба руҳ афганда барад ноз ба боғаш,
То нақҳати гул бехта ояд ба димогаш,
(Сайдии Теҳронӣ).

Нозанине ки аз арақ тар шуд,
Нозанин буд, нозанинтар шуд.
(Халқӣ).

Ба ҷурми² ишқи туам мекушанд, ғавғоест,
Ту низ бар сари бом о, ки хуш тамошоест,
(Хони Ҳоқон).

Беҳтарин навъи ин санъат барои истиҳлол мебошад, ки дар боло зикр ёфт.

ҲУСНИ ТАХАЛЛУС
(Интиқол ё гурез)

Ба ҷуз ҳусни матлаъ лутфи тахаллус ва ҳусни мақтаъ низ дар адабиёти классики мо мавқеи бузургро ишғол карда омадааст. Бинобар он ки дар адабиёти имрӯзаи тоҷик қасиданависӣ ва мадҳиясароии дарбори шахспарастӣ нест, ин ду санъат ҳам ба мо ҷои даркорӣ надорад. Вале барои огоҳонидани ҷавоншоирон ва умуман ҳаваскорони адабиёт каме эзоҳ дода, бо як-ду мисол шарҳ мекунем.

Шоир баъд аз итмоми муқаддимаи қасида, ки онро насиб ва ё ташбиб мегӯянд, ба мадҳи мамдӯҳ мегузарад. Он ҷои шеърро, ки шоир аз насиб ба мадҳ мегузарад, интиқол ва бо форсию тоҷикӣ гурез меноманд. Гурез бояд ба таври латиф ва тарзи нозук омада, салосати лафз ва таносуби маъноро риоя кунад. Ин гурези латиф ҳусни тахаллус ном дорад.

Дар мусаммати хамрияи Манучеҳрӣ, баъд аз тасвири фасли тирамоҳ ва тарбияи шароби худ тайёркарда деҳқон аввалин бор сотагии (пиёла)-ро пур карда мегӯяд:

Он гоҳ яке сотагии бода барорад
Деҳқону замоне ба кафи даст бидорад,
Бар ду рухи аврангӣ³ моҳе бинигорад,
Уду балисои бӯяду дар мағз бикорад,
Гӯяд, ки маро ин маи мушкан нагуворад,
Илло, ки хӯрам ёди «шаҳи одилимӯхтор»...

Аз гурезҳои барҷастаи Хусрави Деҳлавӣ чанд мисол меоварем. Баъд аз ташбиби баҳория.

¹ Бурқаъ — парда, чашмбанд.
² Ҷурм — гуноҳ.
³ Авранг — фарру зебоӣ.

пешина
аз 303
навбатӣ