Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Чу кассоби табиат зад дари дил,
Чунин шуд гӯсфанди фикр бисмил.

Намунаи ин санъатро дар «Лайлию Маҷнун»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам дидан мумкин аст: аз ҷумла боби «Рафтани Маҷнун пеши Лайлӣ ва ба бонги зоғ фоли некӯ гирифтан ва назар кардан, ки агар дидори Лайлӣ муяссар гардад, як ҳаҷҷи пиёда бигузорад» бо ин байтҳо сар мешавад:

Чу бози сафеддум дар ин боғ
Биишаст бар ошёнаи зоғ,
Зогони сиёҳ зи саҳни он боғ
Карданд зи ошёна парвоз,
Чуи Қайс чу зоғи субҳидамхез
Микрози ду по ба роҳбурӣ тез.

Аввали боби «Бозхаридани Маҷнун ғазолеро аз сайёд ва озод кардан ба ёди Лайлӣ» ин гуна аст:

Чу субҳидам аз ғазолан хур (ҳвар),
Пӯшид замин ҳилолаи1 зар.
Афшонд фалак зи чашман кӯр,
Аз меҳри ғазола қатран шир,
Аз хоби замона чашм бикшод,
Маҷнун, ки ба хоби бехудӣ буд.

ҲУСНИ МАТЛАЪ

Байти аввали шеър матлаъ ном дорад. Шоир бояд матлаи ҳар шеърро лоиқи мақсуди худ оғоз кунад ва бо калимаҳои дилкаш ва маънии нозук шурӯъ намояд, то ки хонанда ва шунаванда ба боқии сухан майлу рағбат ҳосил намояд.

Ин гуна матлае, ки хеле пурмазмуну барҷаста омада, моро ба хондан ва фаҳмидани ғояи асосии тамоми шеър омода месозад, ҳусни матлаъ номида мешавад. Ҳусни матлаъ дар адабиёти тоҷик аз ҳад бисёр аст.

Анварӣ гуфтааст:

Сухан ба васфи руҳаш чун зи хотирам сар зад,
Зи матлаи суҳанам офтоб сар барзад.

Чанд мисоли дигар:

Хандае зад даханат, тунги шакар пайдо кард,
Сухане гуфт лабат, лӯлӯи тар пайдо кард.
(Хусрави Деҳлавӣ).

Ба сари кӯи ту савганд, ки то сар дорам,
Нест мумкин, ки ман аз зулми ту сар бардорам.
(Хусрави Деҳлавӣ).

1 Ҳилола — асбоби зийнат.

пешина
аз 303
навбатӣ