Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ишқи ту дар вуҷудаму меҳри ту дар дилам
«Бо шир дар бадан шуду бо ҷон бадар нашавад».
(Ҳофиз).

Қай барканам дил аз рухи ҷонон, ки меҳри ӯ
«Бо шир дар дил омаду бо ҷон бадар шавад».
(Хоҷӯ).

«Дар хона кас аст, як ҳарф бас аст» — одами бафаҳму фаросат зуд ҳақиқатро пай мебарад, ба одами оқил як даҳан гап басанда аст:

Чӣ хуш гуфт доно, ки дар хона кас
Чӣ бошад, зи гӯянда як ҳарф бас.
(Ҷомӣ).

Мулло Ҳоқироҳ гуфт: Ҳамин дардатро нашӯрида гӯӣ ҳам, мешавад: «Аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан», гуфтаанд. Ту ишорат кун, мо ислоҳ кардан мегирем (С. Айнӣ, «Одина»).

БАРОАТИ ИСТЕҲЛОЛ

Бароат равшанӣ, фазилат ва бартарӣ ҷӯстан дар фазлу ҳунар аз амсоли худ аст. Истеҳлол дар луғат талаби дидани моҳ, маҷозан писару духтар буданашро аз нахустин овози кӯдак пай бурдан аст ва ба маънои кашидани шамшер аз ниём, аввалин борон ва ғайра низ меояд. Вале дар истилоҳи адаб ба таври зер аст:
Шоир дар аввали маснавӣ ё қасида ва ғайра байтеро зикр менамояд, ки дар он аз чӣ иборат будани мундариҷаи манзумаро баён мекунад, ё ба иборати дигар ишорате доир ба мундариҷаи асар меорад ва онро бароати истеҳлол мегӯянд.
Дар «Лайлию Маҷнун»-и Мулҳами Бухороӣ метавон гуфт, ки мундариҷаи ҳар як боб бо байти аввалин ифода мешавад.
Мо намунавор якчандтои онро ин ҷо нақл мекунем:
Оғози достони «Лайлию Маҷнун»-ро бо ин байт меорад:

Қалам — маҷнуни дашти сафҳаи роз
Чунин шӯрида сар бардошт овоз

Боби «Раҳонидани Маҷнун сарвро аз захми арраи боғбон»
бо ин байт сар мешавад:

Ҳазони чеҳрагони боғи иқрор
Чунин резанд барг аз шохи асрор.

Боби «Кашидани шӯбон¹ пӯсти гӯсфандро дар бари Маҷнун ва ба висоли Лайлӣ расонидан» чунин сар мешавад:

пешина
аз 303
навбатӣ