Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Симкашон1 оташи зар куштаанд,
«Душмани худро ба шакар куштаанд».

Зарбулмасали «девор гӯш дорад» низ бисёр нағз тазмин шудааст:

«Девор гӯш дораду ағёр низ чашм»,
Мо чӣ кунем, бо ту зи беруни дар сухан.
(Камол).

Сухани ҳикматомези «аёнро чӣ хоҳат ба баён» аз тарафи Камол ин тариқа тазмин шудааст:

Гуфтӣ: сурати ӯ мазҳари маънист, Камол,
«Худ аён аст, чӣ хоҳат ба баён хоҳад буд».

Тазмин зарбулмасали «қаҷ дору марез!»:

Гуфтӣ зулфи қачам дорӣ ба дасту магузор,
Монад охир ба ҳамон нукта, ки «қаҷ дору марез!»
(Камол).

Тазмини аълои зарбулмасали «обӣ дари хона — тира!» ин аст:

Сад баҳр агар захира бошад,
«Обӣ дари хона тира бошад».
(Ҷомӣ).

Тазмини «некӯӣ куну дар об андоз!»:

Дилбурда, ки умраш чу ғамам бод дароз,
Имрӯз талаттуфе зи нав кард оғоз:
Бар чашми ман андохт даме чашму бирафт,
Яъне ки «накуну дар об андоз!»
(Хайём).

Тазмини «поёни шаби сиёҳ сафед аст».

Дар ноумедиҳо басе умед аст,
«Поёни шаби сиёҳ сапед аст».
(Низокӣ).

«Сухани хона ба бозор рост намеояд» — сухани хонагӣ хом ва аз воқеъ дур аст:

Сухани хона ба бозор намеояд рост,
Доя мегуфт ба гаҳвора маро ношудани.
(Сайидо).

Тазмини «миҷози бо шир даромада бо ҷон мебарояд»:

1 Симкашон — ҳимматбаландон.

пешина
аз 303
навбатӣ