Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баҳори соли 1922 доҳии болшевикон ба сактаи майна дучор гашт. Охири соли 1922 аввали соли 1923 ба ҳизб васиятномаи сиёсӣ навишта, чанд пешниҳоди муҳим иброз медорад. Сипас, қариб як сол дар бистари марзӣ бо ҷисми афгор хоб меравад ва 21 январи соли 1924 мемирад.

Баъзе одамон ӯро мепарастиданд, баъзеҳо нафрат доштанд, вале аз ӯ ҳама метарсид. Пас аз маргаш ҳукуматдории сталиниро ҳамчун «шахспарастӣ» баҳо доданд, яъне ҳокимии беҳудуду беназорат номиданд. Аммо новобаста аз фошсозӣ имрӯз низ муносибати одамон ба доҳии шӯравӣ мухталиф аст, аз мафтунӣ то лаънатхонист.

Чӣ тавре ки баъди марги Сталин сарвазири англис У. Черчил қайд намуд: «Русияро бо омоч соҳиб гашту бо яроқи ядроӣ вогузошт». Ақидаи Г. Киссинчер, котиби давлатии ИМА, бошад чунин аст: «Дар ҳалли масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Сталин аждаҳои ҳақиқӣ, аммо ниҳоятдараҷа реалист: ботаҳаммул, бофаросат ва боматонат — Ришелеи замони худ буд... Пешвоёни мамлакатҳои демократӣ бисёр вақт сарфаҳм намерафтанд, ки дар суханони вазнину каме бо оҳанги фақиҳона иброздоштаи Сталин чӣ гуна андешаҳои бераҳмонаю фаъолияти минбаъдаи мақсаднок

пешина
аз 424
навбатӣ