Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(1915) ва Кинтал (1916) вай зарурати аз ҷанги ҷаҳонӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ гузаштанро талқин менамуд ва исбот мекард, ки танҳо дар Русия низ сотсиализм сохтан мумкин аст. Идеяҳои худро дар асари «Империализм дараҷаи олии капитализм» иброз дошт.

Баъди инқилоби февралии соли 1917 Ленин ба Русия баргашт. 3 апрели соли 1917 ба Петроград омад ва филфавр сарварии муборизаи инқилобиро ба уҳда гирифт. Бо роҳи осоишта аз дасти Ҳукумати муваққатӣ ба Шӯрои намояндагони коргару солдатҳо гузаштани ҳукуматро тарғиб мекард.

Тобистони соли 1917 мавқеи Ҳукумати муваққатӣ мустаҳкам гашт. Ленин маҷбур шуд, ки пинҳон шавад. Аввал дар соҳили кӯли Разлив, сипас дар Финляндия паноҳгоҳ меёбад. Дар аввали моҳи октябри соли 1917 пинҳонӣ ба Петроград бармегардад. 24 октябр (аз рӯи солшумории кӯҳна) ба Смольний омада, шӯриши мусаллаҳонаро роҳбарӣ менамояд. Пас аз фатҳи Қасри зимистона ҳукумат ба дасти Шӯрои намояндагони коргарону солдатҳо мегузарад.

Ҳукумати нав — Шӯрои Комиссарони Халқ (Совнарком)-ро Ленин сарвар шуд. Вай дар бораи сулҳ, замин декрет қабул намуд ва баъд ба бунёди сотсиализм роҳбарӣ кард. Ба ӯ лозим меомад, ки муттасил муқобиляти шадиди ҳаммаслаконашро низ нисбати сулҳи Брест, иттифоқҳои касаба ва масъалаҳои миллӣ бартараф созад. Ленин дар ҳалли масъалаҳои басо мураккаб ва тезутунд роҳҳои ҳалли ба ҳар тараф манфиатбахшро меёфт, ӯ дар ҳалли проблемаҳо гузашт карда метавонист. Бисёр вақт баъди сипарӣ гаштани чанд муддат ба қарорҳои пешина иловаҳо, тағйирот ворид месохт ё аз баҳрашон мегузашт. Дар масъалаи сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) ҳамин тавр шуда буд.

30 августи соли 1918 аз ҷониби эсер Каплан ба ҷони Ленин сӯиқасд амалӣ гашт. Бо тири заҳролуд Владимир Ильич захми вазнин бардошт.

пешина
аз 424
навбатӣ