100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
қаҳру ғазаби калисоро ба миён овард. Фурӯши «Гуфтугӯ...»-ро манъ намуданд. Галилейро ба Рим, ба суд хонда, маҷбур сохтанд, ки аз ақидаҳояш баргардад. Ӯро дар Арчетри ба ҳабси хонагӣ маҳкум карданд. Вай имкони бо шогирдон сӯҳбат намуданро низ надошт. Вале иродаи пири хирадро калисо шикаста натавонист. Галилейи бемору нотавон, аммо қавирӯҳ, ду сол дар зиндон ба эҷоди «Сӯҳбатҳо ва исботҳои математикӣ...» мепардозад. Асар ба итмом мерасад, лекин тамоми олами католикӣ (Итолиё, Фаронса, Олмон, Австрия) аз чопаш ҳазар менамояд. «Сӯҳбатҳо» дар шаҳри Лейдени Ҳолландия моҳи июли соли 1638 аз чоп мебарояд. Он замон чашмони Галилей хира шуда буданд ва ин пири тирачашм дигар наметавонист китобашро равшан бибинад. Онро танҳо бо меҳри беандоза ба сандуқи синаи афғоргаштааш пахш мекард. Галилей 8 январи соли 1642 дар рӯи дасти шогирдони содиқаш, олимони шинохта В.Вивиани ва И.Торичелли дунёи фониро падруд гуфт.
Моҳи ноябри соли 1979 Иоанн Павели II, папаи Рим, ба таври расмӣ қоил гашт, ки инквизиция соли 1633 ба хатоӣ роҳ дод, ба таври зӯрӣ маҷбур сохт, ки Галилей назарияи Коперникро рад намояд. Ин нахустин ва ягона ҳодиса дар таърихи калисои католикист, ки барои ноадолатона ҷазо додани «бидъаткор» пас аз 337 соли вафоташ расман иқрор шавад.
Карл Маркс
(Солҳои зиндагиаш 1818-1883)
Карл Маркс принсипҳои фаҳмиши материалистии таърих (материализми таърихӣ), назарияи арзиши изофаро эҷод ва рушди капитализмро таҳқиқ кард ва марги ногузири он ва гузаштан ба коммунизмро дар натиҷаи инқилоби пролетарӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё