Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ба ӯ пешниҳод намуд, ки вазифаи математики дарборро ба ӯҳда гирад. Галилей аз чунин пуштибони қавӣ фоида бурда, ақидаҳои Коперникро дар хусуси сохти кайҳон бештар ва муттасил тарғиб менамуд.

Аз ҷониби мутаассибон барои сиёҳ намудани Галилей номаҳои иғвогарона сӯи Рим ба парвоз омаданд. Соли 1616 мутолааи китоби Коперник «Оид ба гардиши гунбази фалак» мамнӯъ дониста шуд. Истифодаи дигар китобҷое, ки ин асари Коперникро пайрав буданд, низ қотеъона манъ гашт. Кардинал Беллармино Галилейро ба Рим даъват намуда, мулоимакак фаҳмонд, ки минбаъд ба навиштани асарҳои зиддидинӣ дар хусуси сохти дунё даст назанад.

Галилей маҷбур шуд, ки ба ин амр сар фурорад. Вай ҳанӯз дар хотир дошт, ки нофармонбарӣ чӣ оқибати баде барои Ҷордано Бруно оварда буд. Ғайр аз ин, ӯ ҳамчун файласуф медонист, ки чизе ки имрӯз «бидъат» аст, фардо ба ҳақиқат табдил меёбад.

Соли 1623 рафиқи Галилей кардинал Маффео Барберини бо номи Урбани VIII папаи Рим баргузида мешавад. Олим аз ин шод гашта, ҷониби Рим роҳ мегирад, то ки мӯҳри мамнӯъро аз «гипотезаҳои» Коперник бардорад. Аммо папа хоҳиши рафиқашро рад менамояд.

Галилей ба навиштани асари нав оғоз мебахшад ва онро соли 1630 ба итмом расонда, ба Конгрегатсия пешниҳод менамояд. Баъди ду соли санҷиш сензура чопи онро иҷозат намедиҳад. Галилей ба Флоренсия баргашта, устокорона сензураи онро ба ғафлат меандозад ва соли 1632 ба нашри китобаш муваффақ мешавад.

«Гуфтугӯ оид ба ду системаи асосии сохти олам» ном дошт асари нави олим. Он дар намуди сӯҳбати се нафар асилзода оид ба сохти олам аз нуқтаи назари птолемейию коперникӣ эҷод гашта буд. Хонандаи асар бо бисёр кашфиётҳои Галилей ва ҳам таълимоти олими барҷаста Коперник шинос мешуд. Китоб

пешина
аз 424
навбатӣ