100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ҳар асар давоми мантиқии якдигар аст. Ҳар яке аз 13 китоб аз муайян сохтани мафҳуме (нуқта, хат, ҳамворӣ, шакл ва ғайра), оғоз меёбад. Мафҳумҳо дар он истифода мешаванд ва баъд дар асоси 5 аксиома ва 5 постулат бе исбот қабул мегарданд. Дар чунин шакл сохта шудааст геометрия.
Дар он даврони қадим илм усули математикаи таҷрибавиро ёд надошт. Китобҳои I-IV геометрияро фаро мегирифтанд. Мундариҷаи китобҳо аз мактаби математикаи пифагориҳо об мехӯрд. Дар китобҳои V-VI сухан дар бораи таносубҳои геометрӣ меравад, ки асосгузораш Евдокс Книдский мебошад. Китобҳои VII-IX оид ба рақамҳо дониш медиҳанд. Муайян намудани майдони ҳамвориҳо ва фазо (стереометрия), назарияи ирратсионалӣ дар китобҳои X-XII шарҳ ёфтаанд. Дар китоби XIII тадқиқот оид ба ҷисмҳои геометрӣ ҷой ёфтаанд. Умуман, «Мабдаъ» ҷамъбасти тадқиқоти 300-солаи олимон оид ба илми математика аст.
«Мабдаъ»-и Уқлидус таҷАССУМГАРИ он геометрияе мебошад, ки имрӯз низ бо номи геометрияи евклидӣ маъмул аст. Вай хусусияти метрии фазоро тасвир месозад, ки онро илми имрӯза фазои евклидӣ меномад. Фазои евклидӣ саҳнаи физикии бавуҷудоии физикаи классикӣ мебошад, ки пойдевори онро минбаъд Галилей ва Нютон гузоштаанд. Ин фазо холист, беинтиҳост, изотропист, ки се намуди чен кардан дорад. Уқлидус ба идеяи атомии фазои холӣ, ки дар он атомҳо дар ҳаракатанд, баҳои аниқи математикӣ дод. Объекти оддии геометрияи Уқлидус нуқта ба шумор меравад. Нуқта тақсимнопазир аст, мегӯяд ӯ. Яъне нуқта ин атоми тақсимнашавандаи фазост.
«Мабдаъ»-и Уқлидус аз ҷониби олимони араб ва баъдтар аврупоиён комилан омӯхта шуд. Китобҳои вай бо забонҳои асосии дунё тарҷума шуданд. Нахустин тарҷума соли 1533 дар Базел ба табъ расид. Аҷоиб, ки аввалин тарҷума ба забони англисӣ, ба қалами тоҷири лондонӣ Генри Биллингвей мутааллиқ аст, ки соли 1570 ба вуқӯъ пайваст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё