100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Шореҳи нахустини «Мабдаъ» Прокл (олими асри V-и милод) натавонист зикр созад, ки Уқлидус кай ва дар куҷо таваллуд ёфтааст ва аз олам гузаштааст. Аз рӯи гуфти Прокл «ин марди олим» дар замони ҳукмронии Птолемейи I зистааст. Баъзе са- недҳои зиндагиномаи ӯ дар дастхатҳои олимони асри XII-и араб ин гуна маҳфуз мондаанд: «Уқлидус, писари Наукрат, машҳур бо унвони «Геометр», олими даврони қадим, мансуб ба милла- ти юнонӣ, сокини Сирия, зодаи Тир».
Дар яке аз ривоятҳо омадааст, ки шоҳ Птолемей хост гео- метрияро омӯзад. Вале аён гашт, ки ин кори осоне нест. Он гоҳ ӯ Уқлидусро ба даргоҳ бихост ва хоҳиш кард, ки ба вай роҳи осони омӯзиши математикаро нишон диҳад. «Ба сӯи геометрия роҳи шоҳона нест», - посух дод ба шоҳ олим. Дар намуди ин ривоят то ба мо расидааст ин мақол.
Шоҳ Птолемейи I бо мақсади баланд бардоштани обрӯи давлаташ ба дарбор олимон ва шоиронро даъват мекард, ба- рои онҳо шароити беҳтаринро муҳайё месохт. Яке аз чунин манбаъҳои илҳом Қасри Искандария ба шумор мерафт, ки он дорои толорҳои машғулият, боғҳои ботаникиву зоологӣ, ҳуҷраи астрономӣ, манораи кайҳоншиносӣ, ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ ва махсусан китобхонаи аълодараҷа буд. Ба даъвати шоҳ Уқли- дус, ки то ин замон дар Искандария, пойтахти Миср, мактаби математика ифтитоҳ намуда, барои шогирдони он асари бунё- дии худро навишта буд, низ шарафёб гашт.
Маҳз дар Искандария Уқлидус мактаби риёзиётро созмон мебахшад ва асари бунёдии оид ба геометрия, маҳсули асосии эҷодиёташро бо номи умумии «Мабдаъ» таълиф менамояд. Чунин меҳисобанд, ки асар тақрибан соли 325-и то милод эҷод гаштааст.
Чӣ тарз ки олимони замонаашро мураттабӣ ва мантиқи маълумоти баёнёфта мафтун месохт, ҳамин тавр шогирдону пайравони минбаъдааш низ аз дониш ва маҳорати Уқлидус ба ҳайрат меомаданд. «Мабдаъ» аз 13 китоб таркиб ёфтааст ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё