Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

императори Русия хостгор шуд, вале ҷавоби рад гирифт. 1 апрели соли 1810 Наполеон бо Мария —Луиза, духти императори Австрия ақди никоҳ баст.

Баъди ба даст овардани комёбиҳои бузург Наполеон гуфт: «Ман ба ҳама кор қодирам».

Вале Англия ҳамоно тавоно буд. Русия савдоро бо Англия қатъ накард. Наполеон хост Русияро мутеъ созад ва ба Шарқ роҳ кушода, то ба Ҳинд, мустамликаи асосии Англия, бирасад.

Баъдтар, ҳангоми дар Еленаи Муқаддас бадарға буданаш, вай қоил шуд, ки ҷанг бо Русия хатои ислоҳнопазираш буд. Ин ҷангро генералҳои Наполеон ҳам намехостанд. Вале ҷанг сар зад.

Артиши 600 ҳазорнафараи Наполеон соли 1812 аз дарёи Неман гузашт ва бо артиши русҳо даст ба гиребон шуд, Маскавро забт кард, вале ғолиб набаромад. Баъди шикаст Наполеон суханони машҳури худро ба забон овард: «Аз бузургӣ то хандахаришӣ — як қадам».

Пас аз шикаст ва шармандавор гурехтан 4 апрели соли 1814 Наполеон аз тахт даст кашид. Ӯро ба ҷазираи Элба бадарға карданд. Вай бо тарафдоронаш 20 марти соли 1815 ба Париж ворид гашт. Ҳукмронии дуюми ӯ ҳамагӣ 100 рӯз идома ёфт. Наполеон дар муҳорибаи Ватерлоо сахт шикаст хӯрд ва бори дуюм аз тахт ба манфиати писараш Наполеони II истеъфо дод.

Хост ба Амрико фирор намояд. Бахташ нахандид. Ба дасти англисҳо афтод. Ба ҷазираи Еленаи Муқаддас бадарға шуд, дар он ҷо шаш соли боқии умрашро сипарӣ намуд ва 5 майи соли 1821 вафот кард.

пешина
аз 424
навбатӣ