Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

фитрии ҳарбии ӯ якбора рӯй зад. Генералҳои Австрия ҳеҷ илоҷашро наёфтанд. Наполеон паси ҳам шаҳрҳои Монтенотто, Лоди, Милан, Кастилоне, Арколе, Риволиро аз армияи австриягиҳо озод намуд. Субҳи 19 майи соли 1798 ба юриши нав баромад. Қоҳира ва Искандарияро забт кард, вале натавонист халқи Мисрро тобеъ созад. Моҳи августи соли 1799 армияро ба дигар фармондеҳ вогузошта пинҳонӣ ба Франция баргашт.

9 ноябри соли 1799 ҳукумати инқилобиро бо зӯрии яроқ сарнагун сохт. Аз якобинҳо касе намонд. Наполеон мақсад гузошт, ки ҳатто ёдоварии инқилобро аз шуури мардум тоза созад. Аз 73 рӯзнома 69-тоаш баста шуд. Дар Франция танҳо 4 рӯзнома монд, ки онҳо ҳам зери назари пулис ба табъ мерасиданд. Наполеон ба ташкилёбии политсия диққати ҷиддӣ зоҳир месохт.

Соли аввали ҳукуматдориаш Наполеон ба сифати консули Франция конститутсияро тағйир дод ва режими ҳукумати шахсиашро ҷорӣ кард. Нахуст консули якум ном мегирифтанд ӯро, соли 1804 император шуд.

Франция бо Австрия ва Англия дар ҳолати ҷанг қарор дошт.
Наполеон аз кӯҳҳои Алп гузашта нохост дар шимоли Италия пайдо гашт ва бо ҳамлаҳои барқосо душманро дур партофт.
Баъдтар дар натиҷаи ҷанг ба ҳайати Франция кишварҳои Белгия, Голландия, Шимоли Олмон, як қисми Италия ҳамроҳ карда шуданд. Дар қисми боқимондаи Италия, дар маркази Аврупо, дар Испания (соли 1809) шоҳигариҳо созмон ёфтанд ва дар онҳо пайвандони Наполеон ҳукумат меронданд. Пруссия ва Австрия аз маҷбурӣ бо Франция шартномаи иттифоқ бастанд. Русия низ сулҳи Тилзитро имзо гузошт. Ҳамаи мамлакатҳои забтгашта ба Франция боҷу хироҷ медоданд. Гӯр азоби мағлубюн шавад! «Ҷанг бояд худашро хӯронад», -мегуфт Наполеон.

Наполеон мехост ворис дошта бошад. Аз ин рӯ соли 1809
аз Жозефина ҷудо шуд. Ба Екатерина, духтари Павели 1,

пешина
аз 424
навбатӣ