Зеҳн
Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Мокуча дунбаро дида ҳайрон шуданд.

  • Оҷаҷон, ана як порча дунба, - гуфт Қоқуча.

  • Дунбаро гирифта хӯрем? - пурсид Мокуча.

  • Ҳа, дар ҳақиқат дунба аст, - гуфт рӯбоҳ ва каме фикр карда фармуд:

  • Ба дунба наздик нашавед!

  • Дунба бомазза аст, - гуфт Қоқуча.

  • Оҷаҷон, иҷозат диҳед дунбаро гирем, - гуфт Мокуча.

  • Азизаконам, ба дунба наздик нашавед. Ин дунба ягон асроре дорад, вагарна ин ҷо пайдо намешуд. Охир, деҳқон ба ҷойи дона ба замин дунба намекорад.

  • Ҳамин вақт гурги гуруснае пайдо шуд ва рӯбоҳочаро бо бачаҳояш дида пурсид:

  • Ба куҷо равонаед?

  • Ба меҳмонӣ, - ҷавоб дод рӯбоҳ.

  • Ба хонаи ман меравем. Агар меҳмони ман шавед, шуморо бо қиммакабобу тушбераву асалу мураббоҳои ширин зиёфат мекунам. Дар хонаи ман хуб роҳат мекунед, - гуфт гурги гурусна, ки дар асл бехонумон буд.
    Қоқуча ба гапи гург сарфаҳм нарафта, гуфт:

  • Гург-амак, ана, дар шудгор як порча дунба, рафта гиреду ба мо ҷазза пухта диҳед.

Гург ба сӯйи дунба равона шуд. Рӯбоҳ мақсади бади гургро фаҳмад ҳам «ба бадӣ некӣ кунӣ, некӣ мебинӣ» гуфта аз дил гузаронда гуфт:

  • Эй гурги нодон, назди дунба нарав. Дунба ягон сирре дорад. Охир, деҳқон ба ҷойи дона дар шудгор дунба намекорад-ку!

Гург ба гапи рӯбоҳоча гӯш накарда, сӯйи дунба рафт. Сайёд дар шудгор дом гузошта, болояшро бо хасу хок пӯшида, як порча дунба гузошта буд, то ки ягон дарранда ба он афтад. Гурги гуруснаву нодон дунбаро гирифтанӣ шуд, ки пояш дар дом дармонд.

пешина
аз 23
навбатӣ