Зеҳн
Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

РӮБОҲИ ЗИРАК

Буд, набуд, рӯбоҳе буд. Вай ду бача дошт. Номи бачаи калониаш Қоқуча, номи бачаи хурдиаш Мокуча буд.

Рӯзе Қоқучаву Мокуча бобову бибиашонро ёд карда, аз очаашон хоҳиш карданд, ки онҳоро ба назди бобою бибиашон ба меҳмонӣ баранд.

  • Ман ҳам падару модарамро ёд кардам, лекин ҳамроҳи шумоён рафта наметавонам, - гуфт очаашон.

  • Чаро ҳамроҳи мо рафта наметавонед? - пурсид Қоқуча. - Мо бо пойи худ меравем, моро бардошта намебаред-ку, - эътироз кард Мокуча.

  • Азизаконам, медонам, ки шумо ба пойи худ меравед, лекин ҳардуи шумо гапподарову шӯҳед, аз ман дур мегардед. Доду фиғон карда одамону сагонро ноором мекунед, - гуфт ғамгинона рӯбоҳ.

  • Мо аз шумо дур намегардем, - гуфт Қоқуча.

  • Мо ба гапи шумо гӯш мекунем. - Овозамонро бароварда сагонро хабардор намекунем, - гуфт Мокуча.

  • Ин тавр бошад, меравем, либосҳои тозаатонро пӯшед, - фармуд рӯбоҳ.

Онҳо хеле роҳ гашта, ба замини корами расиданд. Дар замини шудгор, байни хоку кулӯх як порча дунба диданд. Қоқучаву

пешина
аз 23
навбатӣ