Зеҳн
Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан
  • Ба дом афтодам! Поякам сахт дард мекунад. Маро халос кунед! - фарёд зад гург.

Рӯбоҳоча гургро аз дом раҳониданӣ шуд, вале раҳо карда натавониста, ба бачаҳояш фармуд:

  • Аз ин ҷо зуд меравем. Сазои чашмгурусна ҳамин аст. Шу- мо ҳам чашмгурусна нашавед. Агар дар роҳ ё ягон ҷойи дигар ягон хӯрок ё чизи дигарро бинед, бе иҷозат нагиред, айб аст.

Қоқучаву Мокуча ҳар ду баробар гуфтанд:

  • Мо чашмгурусна намешавем. Мо ягон чизи дар роҳ афто- даро намегирем. Қобул мешавем.

  • Азизакон, ба шумоён бовар мекунам, - гуфт рӯбоҳоча.

Қоқучаву Мокуча дасти якдигарро гирифта аз паси оча- ашон раҳсипор шуданд...

пешина
аз 23
навбатӣ