Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа
Ниҳолак
Ниҳолакамро бинед,
Чӣ зебо қад кашидаст!
Дусолаасту лекин,
Қадаш ба бом расидаст!
Шоҳакаш дард набинад!
Барғакаш гард набинад!
Ба шоҳакаш бароям,
Булбул барин сароям,
Чида аз меваҳояш,
Лаълиро пур намоям.
Вақте калон шавад вай,
Меварасон шавад вай.
Ба меҳмонӣ биёяд
Дугонаам Латофат,
Бо меваи ширинаш
Ӯро кунам зиёфат.
Донакашро шикаста,
Хӯрем ҳар ду нишаста.
Пахта чин!
Пахта бисёр гул кардаст,
Ранги гулзор гул кардаст.
Дар ҳар қанор кардаст.
Шоҳакаша хам накун,
Гулакаша кам накун.
Офтобаки тобистон
Нур мепошад фаровон,
Аз партави гарми он
Пахта доим механдад,
Басе ҳосил мебандад.
Духтари пахтакорам,
Меҳр ба пахта дорам,
Аз ин дар ифтихорам.
Биё, дугона, бо ман
Пахта чин доман-доман!
Як шадда марҷон
Як шадда марҷон ёфтем,
Ману Умарҷон ёфтем.
Аз канори ҷӯ ёфтем,
Марҷони хушрӯ ёфтем.
Гарчӣ ҳар сӯ давидем,
Соҳибашро надидем.
Нишаста буд дар харак
Якто милиса-амак.
Ба ӯ гуфтем: «Амакҷон,
Ана, як шадда марҷон!
Гиреду дер намонед,
Ба соҳибаш расонед».
Марҷонро ба ӯ додем,
Аз кори худ мо шодем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё