Зеҳн
Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Катакча

Аз ҷӯҷа об овардам,
Бо дӯлча об овардам.

Обро ба замин рехтам,
Хоку обро омехтам.

Аз чӯби беду ар-ар,
Аз хишт дар таги дар,

Якто катакча сохтам,
Барои сагча сохтам.

Сагчаи гапдароям,
Маллаи калтапоям,

Қадам оҳиста монда,
Думакашро ликконда,

Ба катакча даромад,
Сонӣ тохта баромад.

Баромаду сар ҷунбонд,
Ташаккурашро фаҳмонд.

Обро макун
лойолуд

Бузичаи малламӯй,
Баро аз даруни чӯй!

Ту ки нестӣ мурғобӣ,
Дар об чиро мекобӣ?

Об хоҳӣ, об - дар обдон,
Алаф хоҳӣ, дар майдон.

Аз ҷӯчаяк баро зуд, -
Обро макун лойолуд!

Мон, ки обаки зулол
Ҷорӣ шавад бемалол.

Равад ба боғу майдон,
Мева шавад фаровон.

пешина
аз 23
навбатӣ