Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа
Гурбача
Мияв-мияв - гурбача,
Ҳар сӯ мадав, гурбача.
Аз тиреза гурехта,
Кӯча марав, гурбача.
Кӯчаҳо пур зи мошин,
Нигаҳ бикун, худат бин.
Шӯхӣ макун, ин қадар,
Биё, ба назди ман шин!
Илҳом
Андар боғи ҳайвонот
Филе бо бачааш буд,
Филбачаро модараш
Парасторӣ менамуд.
Филбача бозӣ мекард
Бардошта хартумашро,
Ба пешу қафо метохт
Ҷунбонида думашро.
Омад дилам ба илҳом,
Филбачаро чу дидам,
Дар хона сураташро
Бо сад ҳавас кашидам.
Чӯҷаяк
Ногоҳ як чӯҷа дидам,
Дар байни чӯҷа дидам.
Чӯҷаяки малларанг,
Истода болои санг.
Ларзида “чӣ-чӣ” мегуфт,
Намедонам, чӣ мегуфт?
Наздиктараш ки тохтам,
Чӯҷаякро шинохтам.
Чӯҷаяки гурезпо
Буд аз они Нур-Бобо.
Гардида шоду хушнуд,
Гурезпоро доштам зуд.
Дер накарда ҳамон дам
Ба бобо бурда додам.
Бобо гуфто:
- Калон шав!
Олиму қаҳрамон шав!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё