Зеҳн
Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Абрҳои навбаҳор

  • Эй абрҳои навбаҳор,
    Як ҷо чаро истодаед?
    Андар фазои беқанор
    Аз ҳам ҷудо истодаед?

ЯК ҷо шуда бо ҳамдигар
Созед ҳар сӯ сайругашт,
Борони файзовар шавед
Бар водиву бар кӯҳу дашт!

Аз қатраҳотон то шавад
Ҳам сабзаву ҳам лола сер!
Ҳам кабку ҳам гунчишкакон,
Ҳам барраву бузгола сер!

Эй абрҳои дурнисор,
Файзи баҳорон - аз шумо!
Мо интизорем, интизор
Ҳар лаҳза борон аз шумо!

Шоиста

Рӯйи Шоиста
Монанди кулча,
Шоиста дорад
Дуто кокулча,

Агарчи хурд аст
Вай аз Латофат,
Кокулҳояшро
Худаш мебофад.

Ба нӯки онҳо
Навор мебандад,
Намегиряд ҳеҷ,
Доим механдад.

Ёрӣ медиҳад
Доим ба модар,
Рафтораш базеб,
Гуфтораш шакар.

пешина
аз 23
навбатӣ