Зеҳн
Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

ШЕЪРҲО

Зимистон

Зимистон барф боридаст,
Шаби дароз боридаст,
Субҳдамӣ истода,
Пагоҳӣ боз боридаст.

Баромадам аз хона
Карда нигоҳ ба атроф,
Замин пӯшида бо барф,
Ҳаво хунук, аммо соф.

Ҳамроҳи мурғу майна
Мусича дон мехӯрад,
Гунчишкак зери айвон
Резаи нон мехӯрад.

Гурба — дар тори бом аст,
Сагча вайро мекобад,
Барф аз шуои офтоб
Нуқра барин метобад.

Хурдтаракони хушнуд
Барфӣ Бобо месозанд,
Бо завқу шодӣ ҳама
Конкисавор метозанд.

Садои ханда бар гӯш
Аз ҳар тараф меояд,
Гӯё, ки дар зимистон
Табиат месарояд.

Алло

— Алло! алло!
Духтурхона?
Шумо — духтур?
Ман — Дурдона!

Зочаякам
Бетоб шудаст!
Беиштиҳо,
Бехоб шудаст!

Тезтар оед,
Ёрӣ кунед!
Ба дардакаш
Дору кунед!...

пешина
аз 23
навбатӣ