Зеҳн
Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Кори
нахустин

Модари ман - дӯзанда,
Касби ӯро омӯхтам
Бе ёрии дигар кас,
Ба зоча курта дӯхтам.

Куртаи дӯхтаи ман
Буд аз шоҳии кабуд,
Дар он курта зочаам
Хеле зебо менамуд.

Кори нахустинамро
Даме ки модарам дид,
Оғӯш карда манро,
Бо меҳрубонӣ бӯсид.

Зоги ало

Зоғи ало,
Бараҳнапо,
Сар-сари барф
Ба ҳар тараф
Беихтиёр
Медавӣ ту?!

Бе очазоғ
Гоҳе ба боғ,
Гоҳе ба чӯл,
Ба назди кӯл,
Ба бешазор,
Меравӣ ту?!

Ана, нигар,
Маро ба бар-
Либоси гарм,
Либоси нарм,
Ба рӯйи барф
Ҳамедавам.

Бе меҳрубон
Модаркалон
Дур аз хона
Худсарона
Ягон тараф
Намеравам.

Худсарона
Ба ҳеҷ куҷо
Ту ҳам нарав,
Зоғи ало!

пешина
аз 23
навбатӣ