Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
саввуфи олимони солеҳ ва орифони бузургро меписандид ва ҳамчунин суфинамоёнро ошкоро ба расвоӣ мекашад. Вай дар «Китоби замму-л-ғурур» аз «Рубъи муҳликот» таъкид месозад, ки «дастаи мағрур ба зӣ ва ҳаёту суханони суфиёнанд ва самоъ ва рақс мекунанд ва бар саҷҷодаҳо менишинанд ва сарро ба поён меафкананд ва нафасҳои баланд мекашанд ва оҳиста сухан мегӯянд; ва дастаи дигар муракқаҳои гаронбаҳо ва ҷомаҳои нарму латиф мепӯшанд ва бар саҷҷодаҳои рангин менишинанд ва аз тасаввуф ба рангу ҷома басанда кардаанд; ва дастаи дигар даъвои мушоҳидаи Ҳаққ доранд ва хештанро ҳамвора мулозими боби қурб медонанд; ва қавми дигар ба вартаи ибоҳа афтодаанд ва бисоти шариатҳоро дар нур дидаанд ва ҳалолу ҳаромро яксон кардаанд; ва қавми дигар аз ин ҳад ҳам гузаштаанд ва аз амал дурӣ гузидаанд ва ҳалолу ҳаромро талоқ додаанд ва ба тафаккуди аҳволи қалб муштағил шудаанд ба иддаои расидан ба мақомоти зӯҳду таваккул ва ризову ҳуб мекунанд; ва фирқаи дигар чандон дар талаби қӯти ҳалоли холис давидаанд ва бар ҳамин як муҳим ҳиммат гумоштаанд, ки аз тафаккуди қалб ва ҷавореҳ боз мондаанд; ва дастаи дигар мутакаббирона изҳори тавозӯъ ва риёкорона хидмати сӯфиён мекунанд; ва фирқаи дигар ба ҷои муҷоҳидаи амалӣ ба нафс ва татҳири он, ба баҳс ва фаҳси лафзӣ ва илмӣ уюб ва офоти нафс машғул шудаанд; ва ҷамъи дигар ин ки мартаба даргузаштаанд ва пой дар ҷодаи сулук ниҳодаанд ба шунидани камтарин роиҳаи маърифатӣ фараҳноку муъҷиб ва мағрур шудаанд; ва дастаи дигар, ки аз инҳо ҳам гузаштаанд ва ба нимқурбе расидаанд пиндоштаанд, ки ба воддии ниҳоии қурб ворид шудаанд, кӯси «ана-л-Ҳақ» мезананд ва даовии нораво мекунанд»1.
1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Ҷ. 3. Рубъи муҳликот. Китоби зам-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё