Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
масъалагузорӣ мекунад, ки агар молеро ба сӯфӣ васият кунанд кадом шахсе ҳақ дорад онро гирад? Мутафаккир дар ҷавоби он панҷ сифати зоҳириро барои суфиён ном бурда, зарур мешуморад: покдилӣ, нодорӣ, либоси сӯфиёна, сокини хонақоҳҳо будан, касбу пешаи хос надоштан. Баъд аз ин бо тавзеҳоте Ғаззолӣ кӯшиш менамояд муайян кунад чӣ касоне метавонанд аз он мол истифода кунанд. Барои мисол, вай зикр месозад, ки суфии тоҷир ё суфии коргар, истилоҳоти ба ҳам зид мебошанд. Аммо сӯфии ҳамсардоре, ки гоҳе ба хонааш меравад ва гоҳе дар хонақоҳ зиндагӣ мекунад, метавонад сӯфӣ бошад? Ва ё ин ки фақеҳе, ки либоси суфиёна дар бар карда ахлоқи суфиёнро доро мебошад метавонад ба сафи онҳо қабул гардад ва аз хӯроке, ки ба хонақоҳ вақф шудааст, хӯрад?! Ғаззолӣ дар посух мегӯяд: «Фақеҳ буданаш бо сӯфӣ буданаш мунофот надорад ва он кас, ки тасаввуфро мешиносад, медонад, ки ҷаҳл шарти суфӣ будан нест ва ба хурофоти порае аз аҳмақон эътино намекунад, ки мегӯянд: илм ҳиҷоб аст. Ҳақ ин аст, ки ҷаҳл ҳиҷоб аст ...»1.
Таъкид сохтани Ғаззолӣ бар ин ки «ҷаҳл шарти суфӣ будан нест», мавқеи ибратомез ва чашмкушо буда, тавзеҳи мутафаккир дар бораи шахсияти худаш мебошад, ки воқеан олими суфӣ ва донандаи тамоми бахшҳои илмҳои тасаввуфӣ маҳсуб гашта, усули «суфиёни ростин»-ро писандиду баргузида буд. Ин мавқеъ ва ҷойгоҳи Ғаззолӣ муҳофизат аз роҳи пешгирифтаи худи мутафаккир ва орифони бузурги ҷаҳони ислом ба шумор мерафт.
Ғаззолӣ, чуноне ки дар бақову мавҷудияти суфигарӣ ҷаҳлро қабул надошт ва ӯро зараровар медонист, та-
1 Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Рубъи одот. Китоби одоби сафар.
- C. 153-154.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё