Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Муқаддимаи мураттиби ин чопи кириллӣ

Ин иқтибос саршор аз хусусият ва сифатҳои суфиёни даврони Ғаззолӣ мебошанд, ки мутафаккир ба онҳо аз мавқеи як мунаққид баҳои айнӣ ва воқеӣ додааст.

Масъалаи «шатҳ» ва ё суханони мухолифи зоҳири шариат гуфтан ва калимоти шариат ба забон овардан, инчунин «томот» даъвоҳои беасосу ҳазён ва лофу газофи сӯфиён дар бораи каромоти худ дар замони Ғаззолӣ ба маротиб боло гирифта буд ва воизони беилму маърифат ба хотири чоплусӣ ба суфиён ин ҳазёнро ба мардум мерасониданд. Ғаззолӣ аз ин суханҳо озурда шуда, таъкид мекунад, ки «ин гуна сухан гуфтан зиёни азиме ба авом ворид оварда ва баъзеро водоштааст, ки филмасал фалоҳати худро тарк гӯянд ва ба изҳори чунин даъвоҳое бипардозанд»1.

Қобил ба ёдоварии аст, ки ҳадафи Ғаззолӣ аз шатҳиёт гуфтани сӯфиён аз даъвоҳои онҳо дар масъалаи ишқварзӣ бо Худо, висол бо Вай, расидан ба иттиҳод, бархостани ҳиҷобҳо, сухан гуфтани рӯйэрӯй бо Худованд, ҳамчунин суханони Ҳаллоҷ, ки мегуфт: «ана-л-Ҳақ» ва ё Абӯязиди Бистомӣ, ки мегуфт: «субҳонӣ-субҳонӣ» буд, ки онҳо аслан даъвоҳои бемантиқ ва бебунёд буданд. Ғаззолӣ аз ин даъвоҳо хашмгин гашта барои ба қатл расондани чунин шатҳгӯён фатво медиҳад ва куштани як тан аз онҳоро баробари зинда кардани даҳ тан мешуморад. Ғаззолӣ дар дурустии асноди суханони нақлшуда аз Боязид нобоварӣ ва шакку тардид дошта ва тахминан фарз мекард, ки аслан ин суханон аз Ҳаллочу Боязид набуда, балки бозхондан ва вогуфтани каломи Худованд мебошад, ки дар ҳолати фано тавассути забони онҳо баён гаштаанд.

Ғаззолӣ дар «Китоби сабр ва шукр» аз Ҳусайн иб-

му-л-гурур. - С. 404-407.
1 Ҳамон ҷо. Китоби илм. Рубъи одот. - С. 272.

пешина
аз 567
навбатӣ