Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

ба чашми таҳқир нигариста, худ қаноатпеша мебошад ва рӯй овардан ба маишатро макрӯҳ меҳисобад, вай чӣ гуна метавонад маорифи башариро дучори дарҳамшиканӣ созад.

Баъд аз интиқоди фиқҳу калом ва фалсафаи машшоия баръало дида мешавад, ки мақому ҷойгоҳи Ғаззолӣ дар «Эҳёу улуми-д-дин» мақоми ирфонӣ ва тасаввуфӣ мегирад ва майли ӯ ба ин илм зиёд аст. Вай пас аз омӯзиши ҷаҳонбинӣ ва осори файласуфони машшоимаоб ва боитниён ба тасаввуф рӯй оварда, таълифоти намояндагони бузургии он Абӯтолиби Маккӣ, Ҳориси Муҳосибӣ, Ҷунайд, Боязид ва дигаронро аз бар менамояд. Мутафаккир дар муддати даҳ соли тамом ба хилвату риёзат ва муҷоҳидат бо нафсу таҳзиби ботини хеш мепардозад. Дар ин даврон ҳақиқатҳои зиёде ба ӯ ҳиҷоби хешро боз мекунанд ва Ғаззолӣ ба яқин дармеёбад, ки «сӯфиён аз пештозони халқ ба сӯи Худоянд ва сираташон некутарин суратҳо ва роҳашон дурустарин роҳҳо ва ахлоқашон покизатарин ахлоқҳо аст... Ҳамаи ҳаракот ва сукуноти зоҳир ва ботинашон муқтабас аз нури чароғдони нубувват аст»1.

Бо ин ҳама Ғаззолӣ ноқиди тасаввуф ва сӯфиён мебошад. Тасаввуф барои Ғаззолӣ ин «дилро барои Худо холӣ кардан ва ғайри Худоро кӯчак шумурдан»2 аст.

Мутафаккир дар «Эҳёу улуми-д-дин» чунон «сӯфигаро» ва «тасаввуфпараст» ҳаст, ки касе ба мисли вай тасаввуфро чунин таъриф накарда буд. Вай дар «Китоби узлат» фарқияти олимон ва сӯфиёнро чунин зикр мекунад: «Сӯфӣ ҷуз аз ҳоли худ сухан намегӯяд ва аз ин рӯ посухҳо ба масоили мушобеҳ мутафовит аст, вале олим

__________________ 1 Ғаззолӣ. ал-Мункиз мина-з-залол (шакку шинохт). Тарҷумаи Оинаванд. – Теҳрон, 1372. – С. 49.
2 Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Ҷ. 2. Китоби одоби сафар. – С. 250.

пешина
аз 567
навбатӣ