Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

касе аст, ки ҳақро чунон ки ҳаст дармеёбад ва барои дидани воқеъ ба ҳоли шахси худ назар намекунад... Агар аз сад суфӣ нуктаеро бипурсанд, сад посухи мутафовит хоҳанд шунид... Вале вақте нури илм битобад ҳама ҷоро фаро мегирад ва ҳиҷобҳоро медарад ва ихтилофотро маҳв мекунад»¹.

Аз ин гуфтаҳои Ғаззолӣ чунин бармеояд, ки то илм берун наояд ва то он замоне, ки қавлу гуфтаҳои суфиён дар тарозуи доварии олимон баркашида нашавад ба онҳо эътимод кардан дуруст набуда, корвони саодат ба мақсади хеш нахоҳад расид. Сарфи назар аз он ки Ғаззолӣ ба тариқаи суфия бо як ҳусни таваҷҷӯҳ менигарист, дар ҷои дигаре аз асараш роҳи суфиёнро пурхатар ва офатбор шумордааст. Дар айни ҳол мақсади суфиёнро ситоиш сохта, ба он мақсади олии ирфонӣ расидани онҳоро нодир медонад. Вай наздик будани усулу шакли фаъолияти пайғамбарон ва суфиёнро дар ба даст овардану касби илҳом ва маърифат пазируфта, соликонро дар иқдом варзидан ва аз бар намудани илми тасаввуф даъват месозад.

Ғаззолӣ дар китоби «Аҷоибу-л-қулуб», ки аввалин китобе аз «Рубъи муҳлиқот»-и «Эҳёи улуми-д-дин» аст, фаслеро таҳти унвони «Баёни фарқ байни илҳом ва тааллум ва фарқ байни тариқаи суфия дар истикшофи Ҳаққ ва тариқаи нуззор» тафовути усулҳои суфиён ва олимонро (нуззор) дар ҷустуҷӯ ва талаби Ҳаққ нишон медиҳад. Мутафаккир дар ин бахши таҳлил ба хулосае меояд, ки «илҳом» ва «ваҳй» хоси суфиён, авлиё ва пайғамбарон буда, бе ҳеҷ муқаддимаву ҳила ва омӯхтани илму иҷтиҳод чашми онҳоро ба ҳақиқат мекушояд ва дилашонро пур аз донишу яқин мегардонад. Лекин ба

¹ Ҳамон ҷо. Китоби одоби узлат. – С. 242-243.

пешина
аз 567
навбатӣ