Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ка (шеършиносӣ) ва ҳатто диншиносӣ, ки бисёре аз онҳо илмҳои динӣ ва охиратӣ мебошанд, ҳамаро ба фалсафа тааллуқ додаанд. Лекин дар асл бештари ин илмҳо аз ваҳӣ сарчашма гирифтаанд, ё ин ки аз илҳом ва ирода аз қалбҳои пок ва нафсҳои риёзатдидаи хилватнишиному муҷоҳидон сар задаанд. Аз ин рӯ, имконоти файласуфон дар масъалаи маърифати ҳақиқат (Худо) нисбат ба пайғамбарон ночиз ва ҳеҷ буда, агар диди анбиё намебуд файласуфон ба сӯи хирад дар води фарохи маърифат, ба хусус дар илми мукошифа ва шинохти охират ба ҷое намерасиданд.

Дар боби таълим ва тааллум бошад, ба қавли Ғаззолӣ роҳу равиши файласуфон пурхатар ва ҳалокатовар буда, фалсафа омехтаи таҳрифот ва аз роҳи Ҳаққ ва дарки дурусти он бебаҳра аст. Фалсафа дар масъалаи охират ҳеҷ чизи дурусту хуб пешкаш карда наметавонад, зеро ӯ бегонаи ҷаҳони ислом аст ва аз берун омадааст. Пайғамбари ислом масъалаи охиратро беҳтар ва комилтар ба мардум омӯхтааст, аз ин рӯ илме, ки ба кори охират зарар ворид месозад ва мардумро ба он роҳбаладӣ карда наметавонад ҷаҳони исломро ба он чӣ зарурат аст? Ҳамчунин илми ҳайъатро, ки дар шариат тафсил ёфтааст ва дар маърифати Худо ҳеҷ дахле надорад, беҳтар он аст, ки ба ҳамон мухтасаре, ки дар шариат ворид аст басанда кунем ва дар атрофи тафсил нагардем. Аз ин рӯ, барои ҳама беҳтар мешуд, ки аз андешаҳои файласуфон даст кашанд ва ба онҳо пайравӣ накунанд. Ба ибораи дигар Ғаззолӣ фалсафаро барои пайравони шариат зиёновар ва олуда ба бидъату куфр мешуморад.

Дастгирӣ накардани Ғаззолӣ аз табиатшиносӣ ва беҳтар донистани илми тиб аз он бесабаб набуд, зеро ба қавли мутафаккир инсоне, ки чашм ба охират дошта, аз неъматҳои ҷаҳони ҷовидон талаб дорад, ба ин дунё

пешина
аз 567
навбатӣ