Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

аз берун омадаанд ба сӯи бидъатҳо¹. Вале Ғаззолӣ пурра бар зидди физика нест, чунки он баҳсҳое, ки дар ин илм ба «назари табибон» шабоҳат доранд ва барои беҳбудии зиндагӣ муфид буда, «мухолифи шаръ ва дини Ҳаққ нестандӣ», қобили қабул мебошанд.

Муҳаққиқони Шарқу Ғарб бар он ақидаанд, ки Ғаззолӣ бо ин гуфтаҳои худ дар муайян сохтани ҷузвҳои илми фалсафа ва баёни сифатҳои онҳо ба хатоӣ даст задааст. Зеро фалсафа илми асилу наҷиб, шарофатманду баландараҷа буда, сарҷамъкунандаи тамоми илмҳои ақлии ҳақиқӣ аст ва на танҳо гузашти таърих, балки омаду рафти динҳои мухталиф онҳоро дигаргун нахоҳанд кард. Шояд ин гуфтаҳо асосе дошта бошанд, вале набояд аз мавқеи «теоцентризм» ва «исломцентризмӣ» Ғаззолӣ нодида гирифт. Мутобиқи ин мавқеи мутафаккир ҷаҳонбинии исломӣ, илмҳои исломӣ ва дастгоҳи мақулоти (аппарати категорияҳои) онҳоро бо ҷаҳонбинии юнонӣ ва дастгоҳи мақулоти фалсафаи бутпарастҳо як шуморидан нодуруст аст. Дастгоҳи маъқулоти фалсафаи юнонӣ наметавонад моҳияти асли шариат ва илмҳои шаръиро баён созад. Дар маъқулоти шариатӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки онҳо хоси исломӣ ва ҷаҳонбинии он буда, танҳо онҳо метавонанд муҳит ва моҳияти донишҳои шариатиро баён созад. Аз он ҷумла илми мукошифа, ки он маърифат ба маънои ҳақиқии ваҳйӣ, нубувват, малакути осмонҳо ва замин, маърифати ҳақиқии зоти Худо, сифатҳо, феълҳо ва ҳикмати вай, ки аз тариқи низоми фалсафаи юнонӣ, ки бунёди онро оини бутпарастӣ ташкил медиҳад, омӯхтан ғайриимкон аст ва он ба бидъату куфр хоҳад бурд. Дар ҳамин чаҳорчӯба метавон илмҳои ҳайъат (илм дар бораи ҷисмҳои осмонӣ), анатомия (ташреҳ), тиб, ситорашиносӣ, поэти-

1 Ғаззолӣ. Эҳёу улуми-д-дин. Рубъи ибодот. – С. 65.

пешина
аз 567
навбатӣ