Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Чаҳорум - табииёт буда, «баъзе аз он мухолифи шаръ ва дини Ҳақ аст ва он ҷаҳл аст на илм, то дар ақсоми илмҳо оварда шавад. Ва баъзе баҳс аст аз сифатҳои аҷсом ва хосиятҳои он ва чигунагии истиҳола (метаморфоза, ивазшавии ҳолат-А.Ш.) ва тағйири он ва он монандӣ назари табибон аст. Илло он аст, ки назари табиб дар тани мардум аст, ба хусус аз он рӯй ки бемор ва тандруст шавад ва назари кул дар аҷсом аз он рӯй, ки дар ҳаракат ва тағйир аст. Валекин тибро бар он фазл аст, чӣ бад-он ҳочат аст ва ба илмҳои табий ҳочат нест»1. Ба ҳамин тариқ, табиатшиносӣ (табииёт) ва қисмате аз он мухолифи шариат буда, бехабарӣ ва ғафлату беилмӣ аст. Онро наметавон илм номид ва дар сафи илмҳо дохил кард. Қисмати дигари он дар атрофи масъалаҳои тағйирёбии ҷисмҳо баҳс намуда, ба илми тиб монанд аст ва бо ин фарқият, ки инсон ба тиб эҳтиёҷ дорад, вале ба табииёти файласуфон мӯҳтоҷ нест.2

Ҳадафи Ғаззолӣ аз «табииёт» ин «физика» мебошад, ки дар атрофи он машшоимаобони шарқӣ, ба хусус Форобӣ дар «Эҳсоу-л-улум» ва Ибни Сино дар «Донишнома», «ал-Ишорот» ва «Китобу-ш-шифо» агарчӣ онро «илми поёнӣ» ном бурдаанд, лекин зери таъсири табақабандии илмҳои Арасту қарор гирифта, мавқеву манзалати физикаро хеле баланд бардошта буданд. Аз он ҷое, ки дар таҳлили ҷонибдорони Арасту физика ба усулҳову мафҳумҳои асосии назария доир ба табиат бахшида шудааст ва ин фан ҳолатҳоеро меомӯзонад, ки тасаввури онҳо аз материя ҷудонопазир мебошад, барои Ғаззолӣ «ҳочат» набуд. Зеро, ба гуфтаи ӯ аз он бигзарад ва ба илмҳои накӯҳида расад. Чӣ бештар кӯшандагон

пешина
аз 567
навбатӣ