Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

сабабҳои хос зуҳур кардааст. Ҳамин асту бас. Ихтиёр аз ин гуна ороиш канда шудааст ва танҳо маҳалли ирода ва ақл будан барои касе ихтиёр намеорад.

Алорағми ақидаи қолабигаштаи муҳаққиқони аврупоӣ ва собиқ Шӯравӣ метавон қотеона таъйид намуд, ки умуман андешаҳои Ғаззолӣ дар «Китоби тавҳид ва таваккул» дур аз рӯҳи ашъария ва назарияи «касб»-и ӯ буда, бо табиати «ҳукамои иллоҳӣ» мувофиқат ва умумияти бисёр дорад.

Агар ақидаҳои дар «Эҳёу улуми-д-дин» баён кардаи Ғаззолиро бо «Қавоиду-л-ақоид»-и вай муқоиса кунем, бо сароҳат дарёфт хоҳем намуд, ки дар «Эҳёу улуми-д-дин» бо як лутфу марҳамат ва таровати суфиёна сухан мегӯяд, вале дар «Қавоиду-л-ақоид» шакли баёни ӯ каломӣ ва тундравона аст. Ғаззолӣ дар ин китоб бесабрӣ ва тангҳавсалагиро пеша мекунад ва бо чашми кам ба ҳарифони худ назар карда, онҳоро «рондагони даргоҳи Худо» мешуморад. Дар «Рисолаи кудсия», ки фасли севвуми китоби «Қавоиду-л-ақоид» аст ва шарҳи далелии ақидаҳои аҳли суннат ва ҷамоат мебошад, дар баҳси сифатҳои Худо, доир ба мутакаллим будани Худо меорад: «Худованд мутакаллим ба калом аст, ки васфи қоим ба зоти Ӯ ва аз ҷинси савт ва ҳарф нест, балки ҳамчунон ки вуҷудаш монанди вуҷуди дигарон нест, каломаш ҳам монанди каломи дигарон нест ва калом дар ҳақиқат ҷуз каломи нафс нест ва асвот, ки бурида-бурида мешаванд ва ба сурати ҳуруф дармеоянд, барои онанд, ки аз он каломи дарунӣ ҳикоят кунанд, ҳамчунон ки гоҳе ҳаракат ва ишороти одамӣ ҳам ҳокӣ аз он аст».

Ин матлаби содаро порае аз шоирони ҷоҳил фаҳмидаанд, аммо бархе аз кӯрдилон ва аблаҳон ҳанӯз дарнаёфтаанд. Яке аз шоирон мегӯяд:

пешина
аз 567
навбатӣ