Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
безаруратӣ фосилаи зиёде аст.
Тамоми феълҳои инсонӣ ба ҳукми асли сабабҳо зарурӣ буда, онҳо ҷабрӣ ё беихтиёр нестанд ва феъл хоҳ аз ризояти фоҷил хабардор бошад хоҳ набошад, дар ҳар ду ҳолат натиҷаи сабабе (маълули илале) мебошад, ки бо пайдоиши (ҳудуси) он зарурат мебахшанд. Ихтиёру ҷабр бо сабабият нисбати баробар доранд ва феълҳои ихтиёрӣ ва ҷабрӣ ба андозае ба асли сабабият эҳтиёҷ доранд. Ҳамчуноне, ки ғалаба ва шикаст дар ҷанг ҳам аз асли сабаб саҳми баробар мебаранд ва он асл, ҳеҷ кадом аз онҳоро (ғалаба ва шикаст) бештар талаб намекунад. Шояд он чизе, ки дар баҳси мавзӯи ҷабру ихтиёр роҳзанӣ мекунад таъбири нодурусти «озодии ирода» аст. Ҳам мутафаккирони гузашта ва ҳам муҳаққиқони имрӯза дар кӯшиши он ҳастанд, ки армуғоне аз озодӣ барои ирода оранд, онҳо худ наандешидаанд, ки ҳеҷ мавҷуде наметавонад аз қувватдиҳандагони вуҷудӣ ва табиии худ озод бошанд, зеро дар он сурат ҳастии онҳо аз решааш ба тороҷ хоҳад рафт. Иродаи имконулвуҷуди ҳодис (иродаи вуҷудаш имконпазири аз нав ба вуҷуд омада) чӣ гуна метавонад холӣ аз сабаби мавҷуда ва боиси худ бошад? Мавҷудеро аз рӯи сифатҳои зотӣ ва шарту воситаи зарурии вуҷудии он луч карда ва аз ӯ интизори мӯъҷиза шудан, воқеан кори баръабас хоҳад буд. Илова бар ин мухтор будан ин ҳамчун унсури ирода ва ақл дар инсон набуда, ҳолате аст, ки аз маҷмӯаи унсурҳои сохтори инсонӣ (ақл, қудрат, ирода ва ғ.) сар зада, тавассути инсон идрок мешавад. Ихтиёр сабаби феълӣ аз феълҳо набуда, одамон ба сабаби ихтиёр коре намекунанд, балки иллати хоссе замоне паси ҳам воқеъ шаванд (аз он ҷумла ризо) феъли инсон ихтиёр мешавад, дар ғайри он не. Пас феъли ихтиёрӣ феъли бесабаб нест, балки феъле аст, ки дар натиҷаи паи ҳам омадани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё