Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

зоштан ва ӯро ба ҳамин роҳ маҷбур ба ихтиёр хондан, асли воқеият нест. Зеро, аввалин сохтори вуҷуди инсон феъле аз ӯ нест, то номи ҷабр бар он дуруст ояд. Сониян, доварии хирад ва ҳаракати ирода ба танҳоӣ наметавонанд ихтиёрро ба вуҷуд оранд. Он чизе, ки ихтиёрро дурусту саҳеҳ мекунад, ризоияти инсон ба феъл мебошад, зеро дар феълҳои беихтиёрӣ низ ҳам ақл доварӣ мекунад ва ҳам ирода ба ҳаракат медарояд, то фоил (соҳиби ҳаракату кор) кореро анҷом диҳад.

Барои мисол дар баробари таҳдиди дузди мусаллаҳ, ҳам ақл қабул мекунад ва ҳам иродаву қудрат равон (психика) мешаванд, то инсон бар хилофи ризоияти худ даст аз молу чизи худ кашад ва онро ба дузд диҳад. Чунин амале ҳам аз ҳукми ақл хабар дорад ва ҳам аз ирода, лекин сарфи назар аз ин амали ихтиёрӣ нест, зеро ризоятмандона набуда, феъли ҷабрӣ усулан феъли худи инсонӣ нест. Ин феъли соҳиби ҳаракату кори (фоҳиди) дигаре аст, ки бо дасти шахс амалӣ мешавад, яъне ба мисли он ки аз дасти касе гирифта онро кашолакунон аз хона берун баранд. Худованд низ фоҳиди бирризо аст ва ризоии Ӯ айни зоти Вай мебошад ва ба ҳамин маъно Вай мухтор аст. Сарфи назар аз он ки малоиқаҳо дар феъл шубҳаҳое надоранд онҳо низ мухтор мебошанд. Ғаззолӣ дуруст таъкид месозад, ки феъли ихтиёрӣ, ки аз шубҳа хабар дорад, бо феъли иродавии бе хабар бартарият надорад. Аммо аз ин гуфтаи худ вай натиҷагирӣ мекунад, ки ҳар ду хабарӣ мебошанд, дар ҳоле ки натиҷагирии дуруст он аст, ки Ғаззолӣ мегуфт хабардор шудан ба шубҳа шарти лозим ва кифояткунанда барои худмухтор (озодона) будани феъл нест. Шарти лозима он аст, ки ризоияти фоҳил вуҷуд дорад. Он чизеро, ки Ғаззолӣ гоҳе ҷабр мегӯяд бо мафҳуми фалсафитару дақиқтар онро метавон «зарурат» номид. Миёни ҷабру зарурат ва миёни бехабарӣ (ихтиёр) ва

пешина
аз 567
навбатӣ