Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Инна-л-калома лафи-л-фуоид ва иннамо,
Ҷуъла-л-лисону ала-л-фуоди далилан.

(Асли калом дар дил аст ва забон ҳокӣ аз дил аст) ва агар ақли касе монеъи ӯ аз гуфтани ин сухан нашавад, ки: забони ман ҳодис аст, аммо қудрати ҳодиси ман ҳар чӣ дар он меофаринад қадим аст, тамаъи худро аз ақли ӯ бибур ва бо ӯ дигар сухан магӯ ва ҳар кас нафаҳмад, ки қадим чизе аст, ки масбуқ ба чизи дигар набошад ва дар «бисмиллоҳ» «бо» қабл аз «бо» наметавонад қадим бошад, ба чунин кас дигар эътино макун чун Худовандро дар дур кардан ва рондани порае аз бандагон сирре ва ҳикмате аст»1.

Агар ин гуфтаҳои Ғаззолиро нисбат ба мутакаллимон бо ақоиди қаблан баён кардааш дар китоби "ал-Иқтисод фи-л-эътиқод", ки дар он илми каломро дар муқобили мулҳидон истифода кардааст, муқоиса намоем, тафовути зиёдеро дарёфт хоҳем намуд. Зеро воқеан ҳам ба қавли М.Уотт доир ба Ғаззолӣ, ки худ ба мазҳаби Ашъарӣ будааст, лекин дар поёнии умраш даст дар хусуси кашиданаш аз ин мазҳаб далел дар даст нест2. Танҳо ҳаминро метавон таъкид намуд, ки Ғаззолӣ тақсимбандии илмҳоро ба нисбат дар охири умри худ анҷом дода, онро чуноне ки қаблан зикр намудем, дар чаҳорчӯбаи табақабандии аҳли тасаввуф ба итмом расонидааст ва чи тавре ки худи ӯ зикр намудааст ба ҷуз аз ҷонибдории суфия дигар уламо ба сӯи бидъатҳо рафтаанд ва аз муҷоҳидаи нафси худ даст кашида, улуми худро бо "ҳазаҷнот"-е, ки ба дин тааллуқ надоранд, олуда сохтаанд.

1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Ҷ. 4. Рубъи одот. Китоби қавоиду-л-акоид. Фасли севвум. – С. 109.
2 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Рубъи ибодот. – С. 65

пешина
аз 567
навбатӣ