Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан
  1. Китобҳо ва мақолоти таҳқиқии донишварони мусулмон ва ғайримусулмон, ки теъдоди онҳо то ин рӯзгор аз рақами ҳазор афзун шудааст.

  2. Суханони арзишманд ва омӯзандае, ки донишварони дилбедор дар тӯли нӯҳсаду анд сол дар ҳаққи вай навиштаанд ё аз осори хонданию мондании ӯ дар китобҳои худ нақл кардаанд.

  3. Навиштаҳои тозӣ (арабӣ) ва порсии худи Ғаззолӣ, ки бархе аз онҳо метавонанд намоишгари зиндагии пурнишебу фарози нависандааш буда бошад. Зеро осори барҷоймондаи Ғаззолӣ ба андозае фаровон аст, ки аҳли таҳқиқ бо дар даст доштани онҳо барои нигориши зиндагиномаи вай то ҳадди зиёд аз пардохтан ба китобҳои тазкира ё баррасии мақолоти гурӯҳҳои мувофиқ ва мухолиф бениёз мешаванд.

Акнун дунболаи ин баҳсро раҳо мекунем то пас аз ишора ба нусхаҳои хаттии тарҷумаи форсӣ ва мухтассоти ин чоп ба зиндагиномаи Ғаззолӣ бипардозем:

Китоби «Эҳёу улуми-д-дин» дар соли 620 ҳиҷрӣ дар шаҳри Деҳлӣ ба форсӣ тарҷума ва дар қарни ахир – ба ривояти мусаҳҳеҳи мисрии китоби «ал-Мункизу мина-з-залол» ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, испониёгӣ ва чанд забони зиндаи дигар низ баргардонида шудааст.

Ғаззолӣ ин китоби худро дар чаҳор «рубъ» ва ҳар рубъи онро ба даҳ «китоб» тақсим карда, ки ҳамин тақсимбандӣ дар тарҷумаи форсии он низ риоят шудааст.

Дар соли 1348 ҳ.ш., ки ба тасҳеҳи ин тарҷумаи кӯҳан пардохтам, дар Эрон касе ҳатто як давраи комил аз нусхаҳои хаттии ин асарро намешинохт.

Масалан, марҳум устод Муҷтабо Минавӣ дар соли 1349 ҳ.ш. чунин навишт: «Ин китоб (Эҳёу улуми-д-дин)»-ро дар 620 ҳиҷрӣ, мукорин бо истилои муғул бар Эрон, донишманде дар Деҳлӣ дар дарбори Шамсуддини Илтутмиш

пешина
аз 567
навбатӣ